Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи қотилони муҳоҷирон ба таъхир афтод



Муҳаммадраҳими Сайдар



Мурофиаи додгоҳии 11 нафар муттаҳамини куштори шаҳрвандони Тоҷикистон, дар шаҳри Волгогради Русия, ки ба 28 июл таъйин шуда буд, то моҳи сентябр муттавақиф шуд. Дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав, Олга Викторова мудири бахши мурофиавии додгоҳи вилояти Волгоград хабар дод. Вай гуфт, мурофиа ба сабаби ҳозир нашудани вакилони додгоҳӣ то саввуми сентябр ба таъхир афтод.

Ходими додгоҳ ёдоварӣ кард: "Як гуруҳи ноболиғон моҳи октябри соли 2002 се шаҳрванди Тоҷикистонро дар минтақаи бозори "Тракторзавод", воқеъ дар маркази Волгоград ба ҳалокат расониданд.

Вай афзуд, бино ба бозрасиҳои анҷомшуда ин гуруҳи наврасон се тоҷикро шомгоҳи рузҳои дуввум то ҳаштуми октябр бо лулаҳои оҳанӣ зада куштаанд, 7 нафар аз гунаҳкорон бо моддаи 1056 қазияи куштор, ва 4 нафарашон бо моддаи 2136 "авбошӣ" муттаҳам дониста шудаанд.

Гуфтанист, мурофиаи додгоҳии гуруҳи ҷиноии 11 нафарӣ дар Волгоград, ки ба моҳи сентярб мутаввақиф шуд, нахустин мурофиае хоҳад буд, ки аъмоли қотилони муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ошкоро муҳокима мекунад.

XS
SM
MD
LG