Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмуи тавлидоти дохилӣ афзоиш ёфтааст



Тоҳири Сафар



Вазорати иқтисоди Тоҷикистон эълон кард, ки маҷмуи тавлидоти дохилии кишвар дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуда, ба 600 миллион доллар расидааст.

Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар ин давра нисбат ба соли гузашта тақрибан 12 фоиз бештар маҳсулот истеҳсол кардаанд, хоҷагиҳои кишоварзӣ низ тавлидотро 7,1 фоиз афзудаанд.

Дар ин давра тиҷорати хориҷии Тоҷикистон низ афзуда, ба 746 миллион доллар расидааст. Ба гуфтаи вазорати иқтисод, аз ин ҳисоб содирот 362 миллион доллар ва воридот 384 миллион долларрро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG