Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонов:"Малярия хуруҷ накардааст."



Тоҳири Сафар

Хабаргузории Созмони Милали Муттаҳид "ИРИН" навиштааст, бемории табларза аз замони суқути Иттиҳоди Шуравӣ то кунун яке аз мояҳои нигаронии ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Хабаргузории Созмони Милали Муттаҳид "ИРИН" навиштааст, бемории табларза аз замони суқути Иттиҳоди Шуравӣ то кунун яке аз мояҳои нигаронии ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ба навиштаи ин нашрия, шумори гирифторони ин бемории марговар соли гузашта дар Тоҷикистон афзудааст.

Назира Ортиқова масъули намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон гуфтааст, вазъи имсолаи паҳншавии ин беморӣ шабеҳи соли гузашта аст. Ба гуфтаи у агар дар шаш моҳи соли 2002-ум 1521 гирифтори табларза ба қайд гирифта шуда буд, аммо имсол ин адад поён омада ба 1474 нафар расидааст. Вале дар ҳамин ҳол яке аз навъҳои хатарнок ва марговари малярия, яъне малярия фалсипарум афзудааст. Агар соли гузашта ин навъи кушандаи беморӣ 19 нафарро қурбон карда бошад, пас соли равон 39 тан аз бемории фалсипарум ҷон додаанд.

Дар ҳамин ҳол муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Зиёвуддин Афғонов, хабари иддае аз расонаҳоро дар бораи хуруҷи табларза дар 38 ноҳияи Тоҷикистон рад кард ва гуфт, беморӣ хуруҷ наёфтааст, зеро он соли гузашта низ дар ин ноҳияҳо ба назар мерасид ва имсол баръакс шумораи гирифторон кам шудааст.

XS
SM
MD
LG