Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Раҳмонов бо Фаҳим мулоқот кард



Мирзонабии Холиқзод



Муҳаммад Қосими Фаҳим, вазири дифоъи Афғонистон гуфт, ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва барқарории амният дар минтақа афзоиш меёбад.

Вай баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон иброз дошт, ин ҳамкориҳо акнун низ дар сатҳи хубе ҳастанд ва дар замони ҳозира 30 афсари афғонӣ машғули гузаронидани давраи омузишӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

Муҳаммад Қосими Фаҳим ҳамчунин гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бар идомаи густариши ҳамкориҳо дар заминаи низомӣ, амниятӣ ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир таъкид кардааст.

XS
SM
MD
LG