Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Қосими Фаҳим ба Душанбе омад



Абдуқайюми Қайюмзод



Муҳаммад Қосими Фаҳим, вазири дифоъи Афғонистон, дар нимаи дуввуми рузи 24-уми июл вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Вай дар фурудгоҳи Душанбе дар баробари хабарнигорон гуфт, ки бо мақомоти Тоҷикистон тайи ду руз масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистонро дар заминаи мудофиа, ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ, мавзуоти авзои минтақа, раванди амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.

Вай гуфт:"Байни Афғонистон ва кишвари Тоҷикистон як робитаи бисёр самимона ва дустона аст. Ва ба хотири истеҳком бахшидани ин равобит, ба хотири барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва робитаҳои амниятӣ ва тафоҳум руи масоили амниятӣ, бахусус дар иртибот ба масоили ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва нуқоти муштараке, ки аз лиҳози амниятӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳоизи аҳмият аст, гуфтугуҳое анҷом хоҳем дод."

Муҳаммад Қосими Фаҳим аз пуштибонӣ ва кумаки давлати Тоҷикистон дар замони муқовимати Иттиҳоди Шимоли Афғонистон алайҳи Толибон изҳори миннатдорӣ кард. Вай гуфт, бо шуруъи амалиёти зидддитеррор дар Афғонистон, Тоҷикистон роҳҳои худро барои интиқоли кумакҳои хайрия ба манотиқи Афғонистон боз намуд.

Ба гуфтаи оқои Фаҳим, бар асоси як созишномаи дуҷониба байни вазоратҳои дифоъи ду кишвар дар Омузишгоҳи ҳарбии Тоҷикистон 36 афсари афғон таълим мегиранд ва имкон дорад, дар соли оянда як таълимгоҳи махсус барои сарбозони артиши Афғонистон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

XS
SM
MD
LG