Пайвандҳои дастрасӣ

Наҳри Фарғона ба Тоҷикистон ҷасад меорад



Маъсум Имомов



Додситонии ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон мегуяд, дарёфти ҷасадҳои сокинони Узбакистон дар қисмати марзии наҳри Фарғона тайи солҳои ахир мунтазам ва доимӣ сурат мегирад.

Орифҷон Умаров, ёвари додситони ноҳияи Конибодом рузи чаҳоршанбе, 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи моҳҳои сипаришудаи соли равон маъмурони интизомии тоҷик дар наҳри Фарғона чаҳор ҷасади одамонро, ки об аз ҷониби Узбакистон овардааст, пайдо карданд.

Вай афзуд, аз миёни онҳо ду нафар калонсол ва ду тани дигар кудакони норасид будаанд. Яке аз ин ҷасадҳоро наздиконаш аз Узбакистон омада бурдаанд, вале дигарӣ бо атфоли норасид дар ин ноҳия дафн карда шудаанд.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG