Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти низомиёни тоҷику рус оид ба таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Афроди огоҳ мегуянд, ду ҷониб то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.

Як ҳайъати низомиён аз вазорати дифои Русия ба манзури баррасии масъалаи ташкили пойгоҳи низомии ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.

Тибқи иттилоъи вазорати дифои Тоҷикистон нахустин гуфтушуниди ҳайъати мазкур бо ҳамтоёни тоҷики худ аз вазорати дифоъ 22 июл шуруъ шудааст.

Заробиддин Сироҷов, сухангуи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни музокироти низомиёни Русия ва Тоҷикистон ҳамчунин масоили ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар заминаи низомӣ мавриди гуфтугу қарор гирифтанд: "Дар ин гуфтушунидҳо масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, ҳамкориҳои ҷорӣ ва дурнамои онҳо баррасӣ шуд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро дар бораи ҳамкории самарабахш дар асоси ҳамкории стратегӣ изҳор доштанд."

Оқои Сироҷов ҳарчанд музокиротро умедбахш хонд, вале аз додани тафсилоти бештар дар мавриди мушкилоти мавҷуд дар роҳи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар заминаи фирқаи 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон худдорӣ кард.

Вай гуфт, ин музокирот то ду рузи дигар идома хоҳад кард. Аз ин ҷиҳат наметавон аз натоиҷи кори он дар ҳоли ҳозир маълумоти бештаре дод. Заробиддин Сироҷов афзуд, масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар сатҳи мақомоти олии ҳарду кишвар ҳал шудааст, аммо масъалаи таъсиси пойгоҳи низомӣ коре намебошад, ки дар як фосилаи кутоҳ анҷом шавад.

Ҳайъати низомиёни Русияро, ки иборат аз бист нафар аст, генерал ва дигар афсарон ташкил медиҳад. Дар ин музокирот сардори ситоди Нируҳои хушкигарди ин кишвар генерал Александр Морозов ва ҳайъати ҳарбиёни тоҷикро сардори ситоди Нируҳои мусаллаҳи вазорати дифоъи Тоҷикистон Рамил Нодиров ба уҳда доранд.

XS
SM
MD
LG