Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни тоҷику рус музокира мекунанд



Соҷидаи Мирзо



Ҳайъати низомиёни Русия таҳти сарварии раиси ситоди неруҳои пиёдагард генерал-полковник Александр Морозов ба Тоҷикистон рафт, то масъалаи бунёди пойгоҳи низоми Русия дар Тоҷикистонро бо мақомоти кишвар баррасӣ кунад.

Ин пойгоҳ дар заминаи фирқаи 201- уми мустақар дар Тоҷикистон таъсис хоҳад ёфт ва аз ин ру ҳайъати низомӣ қабл аз мулоқот бо мақомоти Душанбе бо вазъи бахшҳои дивизия ва бунёди шаҳраки низомӣ ошно шуданд.

Интизор меравад, ки даври аввали музокирот бо мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон шоми душанбе баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG