Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси мактаби зебоишиносӣ барои ятимону кудакони хиёбонии шаҳри Кулоб



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Дар ин мактаб ятимону бепарасторон рассомиву забонҳои хориҷӣ меомузанд.

Дар шаҳри Кулоб бо кумаки молии Институти Ҷомеаи Боз, Бунёди СОРОС мактаби зебоишиносӣ барои 80 кудаки ятим ва атфоли камбизоат ифтитоҳ ёфт.

Ба иттилоъи Маҳбуба Шарипова, сарвари созмони ғайриҳукуматии "Марям", ки ҳамзамон сарпарасти ҳамин мактаб мебошад, дар ин мадраса тули як сол кудакон дарсҳои компютер мегиранд, забонҳои хориҷӣ меомузанд ва бо олами санъати мусиқаву рассомӣ ва умуман ҳар чизе ки бо зебоӣ мутааллиқ аст, ошно мегарданд.

Дар мактаби зебоишиносӣ беҳтарнин омузгорон ба кудакони ятим ҳунар меомузанд. Тибқи лоиҳа пас аз итмоми як соли омузиш идомаи таҳсили атфол бар души вазорати маориф мегардад.

Хонум Шарипова меафзояд, ба тадрис ва олами зебоиву нафосат кашидани ҳудуди 80 тан аз атфоли ятим ва камбағал роҳи ҳалли проблемаи кудакони хиёбонӣ нест, ки сафашон ҳамаруза меафзояд. Зеро дар шаҳр ҳамаруза ҳуқуқи садҳо тан аз атфоли бесаробон пайваста поймол мешаванд: "Ҳуқуқи онҳоро аз ҳама ҷиҳат помол мекунанд. Масалан калонсолон кори онҳоро истифода мекунанд. Гузашта аз ин таҳқир мешунаванд."

Коршиносон мегуянд, атфоли ятиму камбизоат, ки пайваста мавриди шиканҷаи калонсолон қарор доранд, дар руҳияи одамбадбинӣ ба воя мерасанд ва барои ҷамъияти Точикистон ба истилоҳ як бомбаи ақрабаки инфиҷораш ба муддатҳо вогузоштаро мемонанд.

XS
SM
MD
LG