Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоту шикояти соҳибкорони бозори Панҷшанбеи Хуҷанд



Маъсум Имомов

Ба гуфтаи тоҷирон, андозҳои гарон ва тафтишҳои пай дар пайи мақомот монеъ ба рушди фаъолияти онҳо ва боиси баланд гаштани нархи амвол мегардад.

Соҳибкорони бозори Панҷшанбеи Хуҷанд мегуянд, ки андозҳои гарон ва тафтишҳои пай дар пайи мақомоти гуногун монеъ ба рушди фаъолияти онҳо ва боиси баланд гаштани нархи амволи фурушӣ мегардад.

Сабоҳат Бобоҷонова, сарвари Иттиҳодияи соҳибкорони бозори Панҷшанбе дар бора ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Аз мақомоти давлатӣ ҳар кас, ки хоҳад, омада моро тафтиш мекунад, дуруст аст ё нодуруст аст, қонунӣ аст ё ғайриқонунӣ. Милисаҳои оддӣ ҳам меоянду тафтиш мекунанд. Боратонро нишон диҳед, гуфта ғайриқонунӣ ҷарима талаб мекунанд."

Бузургтарин бозори маркази вилояти Суғд - Панҷшанбе беш аз 300 фурушгоҳ дорад, ки дар он зиёда аз ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ машғули тиҷоратанд. Ҳамзамон дар саҳни бозор ашхоси оддӣ низ маҳсулоти боғу полизи худро барои фуруш гузоштаанд. Тоҷирони бозори Панҷшанбе аз гаронии андози чаҳорфоиза шиква мекунанд, ки он ба гуфтаи соҳибкорон, на аз даромад, балки аз нархи умумии амвол ситонида мешавад.

Яке аз фурушандаҳои бозори Панҷшанбе мегуяд: "Дар масъалаи супурдани андози чаҳорфоиза мо бисёр азоб мекашем. Масалан, баъзан соҳибкор молашро саривақт фурухта наметавонад, ё моли яксомонӣ арзишдоштаро бо ҳаштод дирам мефурушад. Аммо соҳибкор маҷбур, ки дар ҳолати ба зарари худаш кор кардан ҳам, андози чаҳорфоизаро аз руйи фуруш супорад."

Исломхон Ваққосов, сарвари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд поймол шудани ҳуқуқи соҳибкорони бозори Панҷшанберо ба заъфи қонунгузориҳои мавҷудаи Тоҷикистон марбут медонад.

Вай мегуяд: "Қонунҳои ҷории Тоҷикистон соҳибкорони ҳимоя карда наметавонад. Масалан, дар яке қонунҳои кишвар гуфта шудааст, ки литсензионии молҳои содиротӣ фақат барои пахтаву алюминий аст. Вале дар қонуни дигар омадааст, ки бояд соҳибкор барои фуруш ҳатман литсензия бигирад. Масалан, имрузҳо соҳибкорони Суғдро мақомот маҷбур карда истодаанд, ки бояд соҳибкор барои фуруш ҳатман листензия бигирад. Масалан, соҳибкорони Суғдро маҷбур карда истодаанд, ки барои фуруши собуни ҷомашуӣ литсензия бигиранд. Ҳарчанд ин чиз дар қонунҳои Тоҷикистон оид ба соҳибкорӣ ва литсензиядиҳии Тоҷикистон нест. Ин дар санадҳои нормативии баъзе вазоратҳои кишвар дида мешавад."

Афроди огоҳ бо ишора ба ҳамин номукаммалии қонунҳои Тоҷикистон дар робита ба ваъолияти соҳибкорон ва фишор болои соҳибкорон ва ҷаримаву ришваситониҳои пай дар пайи беасос аз ҷониби мақомот, нарх дар бозори Панҷшанбе руз то руз боло меравад.

Коршиносони маҳаллӣ мегуянд, ки боло рафтани нарх дар калонтарин бозори Хуҷанд, сабаби афзудани қиммати молу коло дар тамоми фурушгоҳҳои маркази вилояти Суғд, шаҳру навоҳии вилоят, мешавад, ки аз Панҷшанбе мол мехаранд.

XS
SM
MD
LG