Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Уляновск тоҷиконро боздошт кардааст



Муҳаммадраҳими Сайдар



Шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Уляновски Русия, ҳамроҳ бо 60 нафар бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми як амали террористӣ боздошт шудаанд.

Юрий Шувалов, раиси Идораи иттиллооти вазорати умури дохилаи Русия дар суҳбат бо хабарнигорон дар Маскав гуфт: "Полиси шаҳри Уляновск рузи панҷшанбе дар ҷараёни як амалиёти вижа дар бозори марказии шаҳр дар лулаи вентилятор, дар як қуттии магнитофон, 1 килову 200 грамм тротил, як норинҷак, як детонатори барқӣ ва миқдори меху мехпечро пайдо забт карданд."

Вай тавзеҳ кард, ки дар миёни ашхоси боздоштшуда, ки ба назари бозрасон шубҳанок менамоянд, омадагон аз дигар минтақаҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Дар бораи шумораи тоҷикони боздошшуда ва ҳувияти онҳо полис гузориш надодааст ва ба ғайр аз тоҷикон низ мансубияти миллии дигар гумонбарон эълон нашудааст.

Гуфта мешавад, дар робита ба кашфи маводи мунфаҷира дар бозори шаҳри Уляновск ва эҳтимоли пиёдасозии амали террористӣ додситонии Уляновск парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG