Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани Ҳизби Демократ баргузор шуд



Раҳматкарими Давлат



Рузи шанбе, анҷумани 7-уми Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба манзури қабули барномаи нави сиёсии ин ҳизб баргузор шуд. Тибқи ин барнома Ҳизби Демократ ҳамчунон дар мавқеи ҳамкорӣ ва шарикӣ бо ҳукумати феълӣ боқӣ монд. Ин мавқеро ҲДТ дар анҷумани гузаштаи худ дар соли 1999 баъд аз иҷрои созишномаи умумии сулҳ баён дошта буд.

Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси ҲДТ қабл аз оғози анҷуман эълон дошт, агар анҷуман мавқеи мухолифат бо ҳукуматро интихоб кунад, у аз масъулияти давлатиаш канор меравад. Ва зоҳиран барои он ки анҷумани ҳизб мавқеъи оппозитсияи конструктивиро нисбати ҳукумат интихоб кунад, талош кард.

У гуфт, баъди он ки ҲДТ раъйпурсиро байкот эълон кард, ҳамкорӣ ва шарики ҳукумат будани ин ҳизб аз руи мантиқ ғалат аст: "Ба фикри ман он қарори пештара, ки бо ҳукумат ҳамкорӣ буд, баъди референдум мафҳуму маънии худро гум кардааст."

Аммо атрофиёни Муҳаммадрузӣ Искандаров дар ширкати "Тоҷикгаз", ки манфиатдори чун раис боқӣ мондани у мебошанд, дар анҷуман фаъолона ширкат ва бар муқобили оппозитсия шудани ҲДТ раъй доданд. То ба ин васила битавонанд, мақомҳои худро ҳифз кунанд.

Вале Аслиддин Соҳибназаров, муовини раиси ҲДТ, мегуяд, ин гуна мавқеъгирӣ ба амалкардҳои Ҳизби Демократ мухолифат дорад, зеро ин ҳизб амалан оппозитсияи ҳукумати феълӣ аст: "Он талабҳое, ки воқеан дар қадами аввал доштем, ба маромҳои мо феълан мувофиқат намекунанд.

ҲДТ танҳо ҳизби сиёсии ин кишвар аст, ки раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистонро таҳрим эълон кард. Ва Муҳаммадрузӣ Искандаров дар суханронии имрузаш таъкид кард, ҲДТ ҳамчунон натоиҷи ин ҳамапурсиро ғайриқонунӣ медонад.

Дар поёни ин анҷуман як баёнияи Ҳизби Демократ пахш гардид, ки дар он аз номуваффақии сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG