Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх дар Кулоб тарҳи нав амалӣ кард



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Бо кумаки молии Созмони Байналмилалли Салиби Сурх дар шаҳри Кулоб ошхонаи хайрия ба кор шуруъ кард, ки дар он ҳамаруза ҳудуди 200 тан аз солхурдагон, камбизоатон ва ятимон ғизои гарм мехуранд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон атфоли ба истилоҳ "хиёбонӣ" ва маълулон, ки дар ҳоли фақру бенавоӣ ба сар мебаранд, метавонанд аз хидмати ин ошхона истифода баранд.

Ошхонаи хайрия ба нафароне аз бознишастагон хидмат мерасонад, ки маоши моҳонаи онҳо аз 10 сомонӣ беш нест. Гуфта мешавад, аксари мизоҷони ошхонаи хайрияи Кулобро мардуми бепарастору бесаробони русзабон ташкил медиҳанд, ки пайвандони онҳо ба Русия рафтаанд, аммо волидайни пир дар баробари буҳронҳои рӯзгор тани танҳо мондаанд.

XS
SM
MD
LG