Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд хабари фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



Раёсати Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон баррасии асарҳои ба озмуни дарёфти мукофоти Садриддин Айнӣ муаррифишударо ба анҷом расонид. Раёсати иттиҳодия ба даҳ асари назмиву насри иҷозаи ширкат дар даври ниҳоии ин озмунро додааст. Аз ҷумла романи "Дунёи сабзи ишқ"- и Бароти Абдураҳмон, "Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот"- и Маҷид Салим дар соҳаи наср ва "Чашмаи ноз"- и Ғаффор Сайёд ва "Лоиқ намеояд дигар"-и Ҳадиса дар соҳаи назм барои дарёфти ин мукофот пешниҳод шудаанд. 15 сентябр номи барандагони ин озмун эълон мешавад.

Дар бинои Пажуҳишгоҳи осори хаттии Тоҷикистон намоишгоҳи осори хаттии Носири Хусрави Қубодиёнӣ кушода шудааст. Дар ин намоишгоҳ дастхатҳои қадими осори Носири Хусрав, ки аз ҷониби муратиббони мухталиф китобат шудааст ва инчунин асарҳои ин мутафаккир, ки дар солиёни мухталиф дар шаҳрҳои гуногун нашр гардидааст, ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 1000 - солагии Носири Хусрав таҷлил мешавад. Ба ин муносибат, қарор аст, тамоми осори у дар чор ҷилд бо хатҳои форсӣ ва кирилӣ ба нашр бирасад.

"Дардҳо ва ашкҳо" - номи китоби нависанда Равшани Ёрмуҳаммад аст, ки онро нашириёти "Адиб" аз чоп баровардааст. Ин асар бештар ҷанбаи таърихӣ доршта аз ҳаводиси солиёни ахир нақл мекунад.

Маҷмуаи нахустини шеъри шоираи ҷавон Махфират Юсуфӣ бо номи "Гаҳворабони ғам" тавассути нашриёти "Пайванд" ба дасти хонандагон расидааст. Ва нашриёти "Адабиёт"- и шаҳри Тошканд тазкираи адибони тоҷикзабони вилояти Сухи Узбакистонро бо номи "Ҷилои Ахтарони Сух" мунташир кардааст.

XS
SM
MD
LG