Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷсад килограмм маводи мухаддирро сухтанд



Абдуқайюми Қаюймзод



Ҳудуди панҷсад кило маводи мухаддир рузи 17 июл тавассути Идораи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба оташ андохта шуд.

Файзулло Гадоев, сардори идораи мазкур, гуфт, танҳо аз тарафи кормандони вазорати дохила дар шаш моҳи аввали соли равон наздики 2 тонна маводи мухаддир боздошт ва мусодира гардид, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта се баробар бештар мебошад.

Ҷаноби Гадоев афзуд, дар ҳамин давра нисбати 148 нафар ашхосе, ки даст ба қочоқи маводи мухаддир задаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тибқи иттилоъи ҷаноби Гадоев, дар нимсолаи аввали соли равон ҳамчунин 14 нафар аз кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз ҷумлаи кормандони вазорати умумри дохила, вазорати амният, дифоъ, вазорати авзои фавқуллода, Кумитаи ҳифзи сарҳадот ва як нафар аз кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон бо иттиҳоми иштирок дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG