Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони тоҷикро аз Омск берун мекунанд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Мурофиаи додгоҳии ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Тоҷикистон аз Русия дар додгоҳи ноҳияи Куйбишеви вилояти Омск бо шаш додгустар рузи сешанбе баргузор гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав, додгоҳ ҳукм кард, ки ҳамаи 302 нафар шаҳрвандони тоҷик бо ҷурми нақзи муқаррароти иқомат аз Русия депортатсия карда шаванд. Барои депортатсияи онҳо ҳавопаймо супориш шудааст. Рузи чоршанбе ҳавопаймо нахустин гуруҳи муҳоҷирон ба Душанбе бозгардонида хоҳад шуд. Харҷи роҳ аз буҷаи вилоят аст. Дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав, намояндаи федералии вазорати умури хориҷаи Русия дар вилояти Омск, Александр Минжуренко хабар дод.

Вай тавзеҳ кард, ки нахустин гуруҳи 302 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки депортатсия мешаванд, ҳануз 9-уми июн ва гуруҳи дуввуми онҳо 11 июли соли равон вориди вилоят шуданд. Ҳар ду гуруҳро ширкатҳои "Финансовие ресурси" ва "Бургут", ки бо ширкатҳои сохтмонии минтақа ҳамкорӣ доранд, ба кор давъат кардааст.

Вале ҳар дуи ин ширкатҳо бо далели ин ки коргарон бидуни ҳамоҳангии замони кор ҳозир шудаанд аз қабули онҳо саркашӣ доранд.

XS
SM
MD
LG