Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳар рузи соли равон дар Русия ҳадди аққал як тоҷик ба ҳалокат расидааст



Абдуқайюми Қайюмзод

Ба гуфтаи додситони нақлиётии Тоҷикистон, дар ҳар рузи соли гузашта низ як муҳоҷири тоҷик кушта мешуд.

Тибқи иттилоъи Додситонии Нақлиёти Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷасади 211 муҳоҷири тоҷик тавассути қатора ва ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Қурбоналӣ Муҳаббатов - додситони нақлиётии Тоҷикистон - гуфт, ҳаводиси куштор ва марги муҳоҷирини кории кишвар, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия ба сар мебаранд, дар нисбати солҳои пешина афзоиш ёфтааст: "Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҷасади 211 нафар ҳамватанони мо ба ҷумҳурӣ оварда шуд. Аз ин ҳисоб 42 нафарро куштаанд, 61 нафар дар тасодуфҳо ва 81 нафар аз касалиҳои гуногун ҷон додаанд."

Ба гуфтаи оқои Муҳаббатов, соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 328 нафар муҳоҷири корӣ интиқол ёфта буд. Аз ин теъдод тибқи маълумоти ташхиси додгоҳӣ 78 нафар дар натиҷаи суиқасд, 125 тан бо далоили номаълум ва 118 нафар ба иллати беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Ба эътиқоди оқои Муҳаббатов, афзоиши куштори шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба амалҳои террористие, ки ахиран дар шаҳрҳои гуногуни Русия анҷом шудаанд, робита мегиранд: "Бештари ҷасадҳое, ки ворид мешаванд, ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан асосан аз шаҳри Маскав, шаҳри Новосибирск, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳо ҳам ҳастанд, вале аз шаҳрҳои гуфтаам, бештар. Албатта баъди ҳодисаи террористии соли гузашта дар театри Маскав бадъи ҳамин миқдори ҳамин ҷасадҳое, ки бо аломати куштор ворид шудаанд, бисёртар шуд. Ҳамон амалҳои террористие, ки дар Русия сурат мегиранд, албатта боиси зиёд кушта шудани ҳамватанони мо мешаванд."

Аммо додситони нақлиёти кишвар мегуяд, ниҳодҳои масъули Русия ҷиҳати бозҷуии замина ва сабабҳои куштори муҳоҷирини кории тоҷик бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд.

Дар ҳамин ҳол ба назари коршиносони тоҷик арқоми воқеъии муҳоҷирини тоҷик, ки дар Русия кушта мешаванд, бештар аз омори расмӣ мебошад. Коршиносон мегуянд, ҳукумати Тоҷикистон танҳо адади аҷсоди муҳоҷиринеро, ки ба воситаи ҳавопаймо ва ё қатора интиқол меёбанд, дар даст дорад. Аз ин лиҳоз аҷсоди муҳоҷирине, ки таввасути автобусҳо оварда мешаванд, дар ин арқом инъикос намеёбанд.

Як нафар сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар муддати як моҳи ахир онҳо ҷасади чаҳор нафар ҷавонеро, ки пайи дарёфти рузӣ ба Русия рафта буданд6 аз тобути оҳанӣ берун оварданд ва ба хок супориданд: Ман ба ташвиш афтидам баъди ин воқеа, баъди мурда оварданҳо аз Русия. Мо аз ҳукумат хоҳиш дорем, бештар заводҳоро барқарор кунанд, то бачаҳо нараванд ва дар назди падару модар бошанд. Ман намехоҳам, мо дар Душанбе аз даруни тобутҳои оҳанин ҳар руз мурда гирем."

Коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлатов мегуяд, берун рафтани неруи кор дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ заиф як амри табиист. Чунин таҷриба дар бисёр кишварҳои олам вуҷуд дорад ва Тоҷикистон, ки беш аз 85 дар сади аҳолиаш дар ҳоли фақр ба сар мебарад, наметавонад пеши раванди муҳоҷиратро бигирад. Вале ҳукумат муваззаф аст, ки ба сарнавишти ҳар як шаҳрвандаш бетафовут набошад ва ба манзури дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш, дар хориҷ аз кишвар тадобири муассиреро руи даст бигирад.

Давлатов мегуяд: "Ҳар як ҷасади тоҷик, ки аз Русия меояд, бояд ҳатман мавриди баррасӣ қарор гирад ва сабаби кушта шудани у муайян гардад. Ва дуюм, ки дар Русия масъали гуру чуб карданд, масъалаи тобут хеле мушкил аст, ман фикр мекунам, ки бояд барои овардари ҷасадҳо саҳм гирад, то ин мурдаҳо бесоҳиб намонанд."

Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони нақлиёти Тоҷикистон, ин нуктаро низ ишора кард, ки бархе аз муҳоҷирини меҳнатии тоҷик, ки дар Русия фавтидаанд, ба иллати мушкилоти иқтисодӣ ба ватан интиқол намеёбанд ва дар Русия ба хок супорида мешаванд.

Аммо, гуфт оқои Муҳаббатов, таҳқиқи ангеза ва ё сабабҳои қатли шаҳрвандони муҳоҷири тоҷикро дар Русия бояд ниҳодҳои масъули Тоҷикистон муштарак бо ҳамтоёни худ дар Русия анҷом диҳанд.

Бар асоси маълумоти ғайрирасмӣ ҳоло дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик пайи дарёфти рузӣ ба сар мебаранд. Қисмати аъзами ин афрод бидуни асноди расмӣ ва ба таври ғайрилегалӣ кору зиндагӣ мекунанд ва ба ҳамин далел пайваста аз тарафи ниҳодҳои амниятӣ ва гуруҳҳои ҷиноӣ лату куб мешаванд, аммо наметавонанд дар додгоҳҳои Русия ҷиҳати дифоъи ҳуқуқашон шикоят кунанд.

XS
SM
MD
LG