Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси диаспораи тоҷикон мегуяд, муҳоҷиронро аслан скинхедҳо ва кормандони полис мекушанд



Муҳаммадраҳими Сайдар

Ба гуфтаи Кароматулло Шарифов, тайи 11 сол ҳеҷ яке аз қотилон ба ҷазо нарасидааст.

Бино ба таҳқиқҳои анҷомдодаи Кароматулло Шарифов, раиси созмони "Тоҷикдиаспора" дар Маскав аз шумори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия фавт кардаанд, аксари онҳо аз дасти ҷавонони миллатгаро, яъне скинхедҳо ва полис кушта шудаанд.

Шарифов шеваи кушта шудани як муҳоҷири кории тоҷик, Қурбоналии бистуяксоларо бо дасти полиси Маскав ин тавр ҳикоят кард: "Рузи дуввуми марти соли равон шаҳрванди Тоҷикистон Қурбоналӣ Амонуллоев, соли таввалуди 1982 дар пайи ҷабран заҳролуд кардан бо маводи мухаддир, кушта шуд. Полиси ҳавзаи маъмурии шаҳри Маскав паспорти Шафиевро гирифт ва ҳазор рубл талаб кард Шафиев рафт, аз хешаш пул овард ва ба полис дод. Пас аз он кормандони полис Шафиевро ҷабран ба мошин тела доданд, ба даҳонаш наркотик рехтанд ва чун у аз ёд рафт, уро дар канори роҳ партофтанд. Иттифоқо Шафиев ба беморхона афтод ва пеш аз марг моҷароро ба наздиконаш нақл кард ва гуфт: "Дар марги ман полиси минтақаи шарқии шаҳри Маскав гунаҳкор аст."

Ба гуфтаи Кароматулло Шарифов ин ягона ҳодисаест, ки бо шоҳидии ҷабрдида ошкор шудааст, вале сабаби марги даҳҳои дигар номаълум боқӣ мемонад. Вай тавзеҳ кард, далелҳое дар даст аст, ки полис онҳоеро ба ҳалокат мерасонад, бо маводи мухаддир заҳролуд мекунад, ки гуё марҳум ба сабаби истеъмоли барзиёди наркотик ҷони худро аз даст додааст.

Ҳамзамон Кароматулло хабар дод, Сайидалӣ Шарифов яке дигар аз шаҳрванди Тоҷикистонро полиси Маскав ба хотири пул, бо зарбу лат куштааст. Вай гуфт: "Кормандони ОМОН-и Идораи полиси ҳавзаи шимолу-шарқии Маскав моҳи май бо баҳонаи тафтиши паспорт дар талаби пул Сайдалӣ Шарифовро дар пеши чашми мардум ваҳшиёна заданд. Шарифов дар пайи лату куби шадид дар бемористон ҷон дод."

Ба гуфтаи намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар робита ба кушта шудани Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо назари Кароматулло Шарифов ин аст, ки ин парванда ҳам бенатиҷа хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Кароматулло Шарифов, тайи 11 соли муҳоҷират дар Русия садҳо тоҷикон ҷабран кушта шудаанд, вале то ҳол ҳеҷ санаде дар даст нест, ки гунаҳкоре дар ин замина дар додгоҳ ба ҷазо расида бошад.

XS
SM
MD
LG