Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва СҶО созишнома имзо карданд



Тоҳири Сафар



Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Ҷаҳонии Озуқа имруз созишномаеро имзо карданд, ки тибқи он муассисаи мазкури Созмони Милал ирсоли кумакҳои башариро ба Тоҷикистон идома медиҳад.

Игор Сатторов - сухангуи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи санади имзошуда Тоҷикистон барои фаъолияти ин созмон шароити мусоид фароҳам месозад ва ба кормандони он имтиёзҳои дипломатӣ медиҳад.

Игор Сатторов ҳамчунин гуфт, Созмони ҷаҳонии озуқа шарики куҳнаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ба ин кишвар дар ҳолатҳои зарурӣ мадад расонидааст.

Ба гуфтаи сухангуи вазорати умури хориҷа бо имзои созишномаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии озуқа таҳким хоҳад ёфт: "Дар доираи созишномаи имзошуда ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии озуқа тавсиа ёфта, амиқтар меравад. Аз ҷумла ин созмон дар ду се соли наздик тақсими кумакҳои ғизоӣ ба аҳолии муҳтоҷи кишварро идома медиҳад. Ба хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон тухмии зироат тақсим мекунад. Ҳамчунин дар чаҳорчуби барномаҳои хурд барои истифодаи босамари замин ва беҳбуд бахшидани шабакаҳои обрасонӣ мусоидат мекунад."

Барномаи Ҷаҳонии Озуқа мегуяд, 12 дар сади мардуми Тоҷикистон ниҳоят фақир ҳастанд ва 300 ҳазор нафар ниёзманди кумакҳои ғизоӣ мебошанд.

Бо назардошти ин раҳбарияти Барномаи Ҷаҳонии Озуқа чанде пеш барномаеро тасдиқ кард, ки тибқи он тайи ду соли оянда ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 74 миллион доллар кумаки башарӣ расонида мешавад. Созмон мегуяд аз ин ҳисоб ба 1,4 миллион нафар аз мардуми камбизоти ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ маводи имдодӣ тақсим карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG