Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарсониву саргардонии беш аз 300 муҳоҷири кории тоҷик дар Кемеровои Русия



Муҳаммадраҳими Сайдар

Полиси як шаҳр онҳоро ихроҷ кард, полиси шаҳри дигар онҳоро баргардонд.

Сарнавишти зиёда аз 300 муҳоҷири кории тоҷик, ки дар заминаи мухолифати корфармоён ва пулиси минтақа аз вилояти Кемеровои қисмати Сибирии Русия хориҷ карда шудаанд, номаълум боқӣ мемонад.

Ба навиштаи хабарнигори минтақаии рузномаи "Время Новостей" чопи Маскав, бо қарори Хадамоти муҳоҷиратии Кемерово тоҷиконеро, ки зиёда аз як моҳ ғайриқонунӣ ба сар мебурданд, рузи сешанбеи ахир ба автобус шинонда аз вилоят хориҷ кард.

Дар назар дошта мешуд, ки корвони автобус аз тариқи вилоятҳои Новосибирск ва Омск убур карда, то ба Сахалин меравад. Аммо пулиси Новосибирск ба далели надоштани санади депортатсия онҳоро ба Кемерово бозпас гардонид.

Аммо назари коршиносон дар Маскав ин аст, ки ин рафтор ғайр аз худсарӣ чизи дигаре нест. Светлана Ганушкина - раиси созмони ҳуқуқии "Мусоидати Шаҳрвандӣ" - мегуяд, муҳоҷирро танҳо дар асоси ҳукми додгоҳ депортатсия кардан мумкин аст, на дар асоси тасмими кадом хадамоте.

Муҳофизи ҳуқуқ тавзеҳ кард, ки он чӣ дар Кемерово бо муҳоҷирони тоҷик рух дод, ба ягон қолаби қонун намегунҷад. Ва ҳам бо назардошти он ки байни Русия ва Тоҷикистон режими раводид вуҷуд надорад, Русия набояд бо тоҷикони муҳоҷир чунин муомила кунад.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи "Время Новостей", коргарони тоҷикро ширкати "Захираҳои молии МК" дар чаҳорчуби тарҳи сохтмонии "Сахалин-2" аз Тоҷикистон ба кор овардааст. Гуфта мешавад, ширкат барои овардани зиёда аз ҳазор нафар коргар аз Тоҷикистон ба Русия аз Хадамоти муҳоҷирати федералӣ иҷозаномаи расмӣ дорад.

Тавзеҳ мешавад, намояндаи ширкати Русия дар Тоҷикистон коргаронро гулчин кард, ба онҳо ваъдаи зиёда аз чор ҳазор моҳона дод ва 9 июн нахустин гуруҳи 304 нафарии онҳо ба Кемерово ҳозир шуд.

Хабарнигор тасвир мекунад: "Онҳоро дар як гушаи шаҳр, дар як бинои вайрона манзил доданд, ки на об дошт, на ҷойхоб, на ошхона ва на шароити беҳдоштӣ, аммо ба ҳар ҳол коргарон дар умури ободонии шаҳр ва дигар корхонаҳо ба кор шуруъ карданд.

Вале пулиси вилоят ба далели он ки квотаи солонаи неруи кории хориҷӣ барои вилоят тамом шудааст ва ба гумони он ки корфармо ба манзури истифодаи ғайриқонунӣ аз неруи кор ба минтақаи марзӣ овардааст, талабгори хориҷ кардани онҳо аз минтақа шуд. Дар зери фишори пулис корфармоён маҷбур шуданд, тоҷиконро аз минтақа берун андозанд.

XS
SM
MD
LG