Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси САҲА аз Тоҷикистон дидан кард



Абдуқайюми Қайюмзод



Яап де Ҳуп Шеффер, раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дар анҷоми сафари ҳафтаинаи худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рузи 11 июл бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва гуфтугу кард. Ҷаноби Шеффер гуфт, дар суҳбат бо президент Раҳмонов, ки бештар аз як соат тул кашид, масоили ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон, амнияти минтақа, мушкилоти барчидани минаҳо аз дохил ва марзҳои кишвар, афзоиши қочоқи инсон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаноби Шеффер афзуд: "САҲА дар амри поксозии майдонҳои минакоришуда ва ислоҳоти низоми додгоҳии Тоҷикистон кумак ва мусоидат хоҳад кард. Ман ба президент пешниҳод кардам, ки татбиқи ҷазои эъдомро дар кишвараш лағв кунад. Мо ҳамчунин дар робита ба мушкилоти марбути минтақа аз қабили густариши экстремизми исломӣ, мушкилоти водии Фарғона, мушкилоти бозсохти баъдиҷангии Афғонистон ва ҳамчунин дар мавриди қочоқ - қочоқи маводи мухаддир, қочоқи занону душизагон ва ғуломон табодули назар намудем."

Яаап де Ҳуп Шеффер, ки аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуд, ба далели тангии вақт натавонист, тибқи нақшаи барномавиаш бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳад. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Шеффер зимни сафараш ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо намояндагони аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишварҳо мулоқотҳо доир намудааст.

Дар суҳбати раиси давраии САҲА бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин раиси нави маркази ин созмон дар Тоҷикистон Иво Брайенг иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG