Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ: "Вазъи беҳдоштии ҷавонону наврасони тоҷик нигаронкунанда аст."



Мирзонабии Холиқзод

Ин хазинаи Созмони Миллал мегуяд, бемориву зуроварӣ ва табъиз домангири онҳост.

Беш аз 70 дар сади аҳолии 6 миллионнафараи Тоҷикистон ҷавонони то 30 сола мебошанд, ки вазъи беҳдоштӣ ва беҳдории онҳо шадидан нигаронкунанда буда, маргу мир, беморию зуроварӣ ва табъиз домангири онҳост. Ин иттилоъро намояндаи Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Миллал ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Йукие Мокуо ба хабарнигорон гуфтааст.

Бар асоси хабари ЮНИСЕФ, Тоҷикистон яке аз 20 кишвари фақиртарини ҷаҳон аст ва беш аз 80 дарсади аҳолии он дар ҳоли фақр ба сар бурда, бо маоши камтар аз 10 доллар дар як моҳ ба сар мебаранд ва бештар аз ҳама занону кудакон осебпазир буда, ранҷ мекашанд.

Оғои Мокуо - намояндаи ЮНИСЕФ гуфтааст, ин кишвар ба як ислоҳоти дарозмуддати иҷтимоӣ ниёз дорад, то соҳаи таълиму парвариши он ба стандартҳои байналмиллалӣ мувофиқ карда шавад. Аммо гуфтааст, намояндаи ЮНИСЕФ меафзояд, вазъи амалӣ боз ҳам ташвишовараст. Маргу мир дар байни кудакон хеле боло рафтааст. Масалан, дар соли 2001 мувофиқи омори расмии Тоҷикистон ба ҳар ҳазор навзод, 28 ҳодисаи марг ба қайд гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон таваллуди кудак дар таваллудхонаҳо ба таври бояду шояд қайд карда намешавад. Ва модарон дар манотиқи атроф аксар дар хонаҳо таввалуд мекунанд ва расман сабт намешавад. Ба гузориши ЮНИСЕФ яке аз сабабҳои аслии маргу мир ва афзоиши бемориҳо дар байни хурдсолон истеъмоли хурданиҳои камғизост.

Дар организми хурдсолон оҳан, йод ва хусусан, витамини А намерасад. Аслан камбуди оҳан дар организм хатарнок буда, ба марг мусоидат мекунад. Чунин вазъ бештар дар минтақаи Хатлони Тоҷикистон ба мушоҳида расидаст.

Илова ба ин 85 дарсади кудакону хурдсолоне, ки дучори камғизоӣ ҳастанд ва мубталои бемориҳо мебошанд, ё бепарасторанд, ё ин ки аз хонаводаҳои камбизоаттарин ҳастанд.

ЮНИСЕФ зарурати бештари ҳифзу наҷоти кудаконро таъкид намуда, мегуяд, аксари афроди камбағал фарзандони худро ба ҷои ин ки ба мактаб фиристанд, ба бозор роҳӣ мекунанд.

Аз ин ру, ЮНИСЕФ ба таълиму парвариши хурдсолон махсусан, дар мавриди ҷалби онҳо ба таҳсилоти умуми дар макотиб диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ЮНИСЕФ вазъи мавҷудро ҳамаҷониба меомузад, то як барномаи эҳёи ҳифзи иҷтимоии кудаконро дар манотиқи Тоҷикистон амалӣ кунад.

XS
SM
MD
LG