Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жорес Алфёров:"Умедворам тоҷикон фаромуш намекунанд, ки дар Русия дустони зиёд доранд."



Искандари Хоҷамирзода

Мусоҳиба бо Жорес Алфёров - барандаи ҷоизаи Нобел ва вакили Думаи Давлатии Русия.

Баъд аз шаби кории 2-уми июл хостам, каме шиноварӣ кунам, то хастагии кор рафъ гардад. Дар яке аз ҳавзҳои шаҳри Прага ба гушам садои лаҳни русӣ расид. Ду марди солхурда дар бораи аввалин сафарашон ба Ҷумҳурии Чех, ки 43 сол пеш ба вуқӯъ пайваста буд, ҷавониву рӯйдодҳои он давра қисса мекарданд. Ба зудӣ яке аз онҳоро шинохтам. Вай барандаи ҷоизаи Нобел, узви Думаи Давлатии Русия Жорес Алфёров буд. Бо у салом карда, гуфтам, ки забони русиро хуб мефаҳмам. Аз ин рӯ одоб набуд, ки аз саҳифаҳои хеле ҳам хусусии ҳаёти як шахсияти маъруфи Русия бо чунин соддагӣ хабардор шавам. Ин амал ба Жорес Алфёров маъқул шуду у пурсид, ки кӣ ҳастаму дар Прага чӣ кор мекунам. Хуллас, як суҳбати тулонӣ доштем, ки дар он донишманди рус хотироташро дар бораи сафарҳои Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи физикаву техникаи шаҳри Душанбе, водии Варзоб нақл кард. Аз Жорес Алфёров хоҳиш кардам, ки меҳмони барномаи мо шавад ва у ризоят дод, ки ба суолҳоям посух диҳад.

Искандари Хоҷамирзода: Мӯҳтарам Жорес Алфёров, солҳои ахир шумо дар ҳаёти сиёсии Русия ҳам фаъол ҳастед. Оё барои илму пажуҳиш вақт мерасад?

Жорес Алфёров: "Ба фикрам ин ақида чандон дуруст нест. Дар амал ман кушиш мекунам, ки дар равандҳои сиёсӣ камтар ширкат варзам ва фаъолияти ман ба ҳайси депутати Думаи Давлатии Русия қабл аз ҳама бо кор дар Кумитаи илму маорифи палатаи поёнии парламенти кишвар марбут аст. Ман вазифаи асосии худро дар дастгирии системаи таълими мо ва тараққии пажуҳишҳои илмӣ мебинам. Вале баъзан маро ба ҳар гуна маъракаҳои сиёсӣ ҳамроҳ мекунанд, ҳарчанд худам зиёд ҷонибдори иштирок дар онҳо нестам. Ман вакили Думаи Давлатӣ аз гуруҳи Ҳизби Коммунисти Федератсияи Русия мебошам. Худам дар ягон ҳизб узвият надорам. Вале ҳадди аққал дар соҳаҳои маорифу илм ва баъзе бахшҳои дигар мавқеи Ҳизби Коммунист ба ман наздиктар аст."

Искандари Хоҷамирзода: "Албатта ҳар кас, ҳар неру мехоҳад, баррандаи ҷоизаи Нобелро дар урдугоҳи худ бубинад. Оё муносибат ба шумо баъди гирифтани ҷоизаи Нобел тағйир ёфтааст? Шумо инро ҳис мекунед?

Жорес Алфёров: "Аз як тараф ин эҳтироми бузург аст. Ҷоизаи Нобел дар соҳаи илм боэътибортарин ҷоиза ба шумор меравад. Аммо аз суи дигар ҳаёт душвортар шуд. Шумо ҳам маро дар ҳавз шинохтед ва тақозои суҳбат кардед ва тавре мебинем, ҳаётам душвортар шуд. Ман ҳама вақт мегуям, ки агар дар соҳаи илм дар Русия баррандагони нави ҷоизаи Нобел пайдо мешуданд, ҳаётам осудатар мегашт.

Боре Дабири кулли Академияи Улуми Шветсия ҳангоми зиёрати институти ман дар шаҳри Санкт-Петербург бо назардошти кори зиёдам пурсид, ки чӣ кумаке бароям карда метавонад, ман ба вай гуфтам, ки ба ягон олими дигари Русия ҷоизаи Нобел диҳед, ва ҳаёти ман осонтар мешавад.

Искандари Хоҷамирзода: "Жорес Алфёров дар соли 2000-ум ҳамроҳ бо ду донишманди амрикоӣ баррандаи ҷоизаи Нобел дар бахши илм гардид. Кашфиёти у дар соҳаи истифодаи нимноқилҳо ва ниҳодҳои ҳетерӣ ё ба истилоҳ ҳетероструктураҳо дар илми физика як равияи нав ба вуҷуд оварданд.

Кашфиёти Алфёров нури лазерро аз озмоишгоҳҳо ба хонаи мардуми оддӣ овард. Имруз тақрибан ҳар таҷҳизоти компакт диск ва телефони бесим аз кашфиёти Алфёров кор мегирад. Дар ибтидо ихтирооти у, ки дар солҳои шастуму ҳафтодум оғоз ёфтаанд, асосан дар Амрико мавриди эътирофу истифода қарор гирифта буданд."

Искандари Хоҷамирзода: "Ҷаноби Жорес Алфёров, намешавад гуфт, ки то гирифтани ҷоизаи Нобел шуморо намешинохтанд. Шумо то ҷое медонам, дар солҳои шуравӣ ҳам шахсият ва олими маъруфу машҳур будед. Зиёд сафар мекардед. Оё дар ҷараёни пажуҳишҳои илмӣ бо Тоҷикистон ҳам сару кор доштед?

Жорес Алфёров:"Масъала ин ҷост, ки нисбат ба имруз дар солҳои Шуравӣ илму маорифи ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ тараққии хеле қавитар доштанд. Ва Академияи Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ба пешбурди улуми ҷумҳуриҳо кумаки калон мерасонд. Мо як ниҳоди хосе барои тараққии илм дар ҷумҳуриҳо таъсис дода будем. Пажуҳишгоҳи физикӣ-техникии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе қарор дошт бо пажуҳишгоҳи мо, Пажӯҳишгоҳи ба номи Иоффе робитаи қавӣ барқарор карда буд. Ҳам дар соҳаи нимноқилҳо ва ҳам дар соҳаҳои дигар. Ман ба Душанбе сафар карда, аз он пажуҳишгоҳ боздид ба амал овардаам. Мо корҳои муштарак ҳам доштем. Ва худи шаҳри Душанбе ба ман хеле маъқул шуд. Тоҷикистон табиати хеле хуб дорад.

Ман бо вакили Дума Георгий Иванович Тихонов хуб шинос ҳастам. У дар сохтмони ГЭС-и Норак - яке аз бузургтарин дастовардҳои илми инженерӣ ширкат кардааст. Ман дар дигар ҷумҳуриҳо низ дӯстони зиёд доштам. Дар Узбакистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Молдова, Украина, Белорусия ва ҷумҳуриҳои назди Балтик дустони зиёд дорам. Хеле аҷоиб садо медиҳад, вале ман узви хориҷии чандин Академияи Улуми ҷумҳуриҳоямон мебошам.

Ман дар Белорусия ба дунё омада, ҳамон ҷо дар мактаб таҳсил кардаам. Дар ёд дорам, ки тахминан даҳ сол пеш Раиси Академияи Улуми Белорусия ба ман нома навишта пешниҳод кард, ки узви хориҷии Академияи Улуми онҳо бошам. Ман дар ҷавоб навиштам, ки ба узвият дар Академияи Улуми Белорусияи азиз мувофиқ мебошам. Ҳамин хел......

Ман фикр мекунам ва умедворам, ки иттиҳоди мо қавитар хоҳад шуд. Ва дар ҳақиқат мо то ҳануз мардуми Шуравӣ ҳастем. На ба он маъние, ки сиёсатмадорон ин истилоҳро истифода мебаранд, балки васеътар ва беҳтар.

Искандари Хоҷамирзода: "Жорес Иванович Алфёров 15 марти соли 1930 дар шаҳри Витебски Беларус ба дунё омадааст. Падари у узви Ҳизби Болшевикон буда, бародари Жоресро Маркс номгузорӣ намуд. Номи Жорес бошад, ба шарофати поягузори рузномаи Ҳизби Сотсиалисти Фаронса Жан Жорес гузошта шудааст. У тобистони соли 1914 дар Париж ба қатл расида буд.

Жорес Алфёров дар соли 1952 Институти электротехникии шаҳри Ленинградро хатм намуда, ба Пажуҳишгоҳи Физикӣ-Техникии ин шаҳр дар зери раҳбарии Абрам Иоффе ба кор шурӯъ намуд. У имрӯз ин пажуҳишгоҳро раҳбарӣ мекунад.

Жорес Алфёров - ноиби президенти Академияи Улуми Русия ва узви ифтихории Академияҳои улум ва пажуҳишгоҳҳои кишварҳои мухталифи олам аст.

Искандари Хоҷамирзода: "Дар ҳақиқат мардуми зиёд то ҳануз дарк намекунанд, ки имруз Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд надорад. Онҳо худро Шуравӣ мешуморанд. Шумо ҳамчун сиёсатмадор чӣ кореро барои сабук кардани ҳаёти онҳо пешниҳод карда метавонед?

Жорес Алферов: "Ман сиёсатмадор нестам. Ин як. Ман мутахассиси соҳаи физикаи нимноқилҳо ва таҷҳизоти электронии нимноқилҳо мебошам. Ман метавонам бигуям, ки мутаассифона, дар саноати электронӣ мо бо мушкилиҳои зиёд ру ба ру шудаем. Сарфи назар аз он, ки мо дар масъалаи илмӣ то ҳанӯз пешқадам ҳастем.

Масалан, пажуҳишгоҳи зери раҳбарии ман - Пажӯҳишгоҳи Физикиву Техникии ба номи Иоффе дар сафи беҳтарин пажуҳишгоҳҳои илмии олам ҷои муносиб дорад, вале натиҷаҳои кори мо дар ватан амалан муштарӣ надоранд. Яке аз сабабҳои вазъи душвори саноати мо маҳз фурупошии Иттиҳоди Шуравӣ аст. Зеро соҳаҳои зиёди саноат дар гушаҳои мухталифи кишвар тақсим шуда буданд. Акнун баъзе ҷузъҳои зарурии ин ва ё он соҳаҳои илму техника аз ҳалқаи истеҳсолӣ берун шуданд. Дар ёд дорам, ки соли 2000-ум вақте ба Стокҳолм барои гирифтани ҷоизаи Нобел сафар карда будам, шабакаи телевизионии Би Би Сӣ як суҳбати сари мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он баррандагони ҷоиза дар соҳаҳои гуногун ибрози назар карданд. Ҳамсояи ман, барандаи ҷоиза дар иқтисод профессор Ҳекман аз Донишгоҳи Чикагои ИМА гуфт: "Пешрафти илму техникаро дар нимаи дуюми асри гузашта мусобиқаи Амрико ва Иттиҳоди Шуравӣ муайян мекард, вале мутаассифона, ин мусобиқа ба охир расид."

Сарфи назар аз он, ки "Ҷанги Сард" буд, ин мусобиқа илму техникаро ба тараққии бештар ташвиқ мекард ва дастовардҳои замони Шуравӣ бидуни баҳс дар тамоми ҷаҳон эътироф мешаванд. Тасодуфӣ нест, ки чанде пеш ҳангоми таҷлили 300-солагии Санкт-Петербург ҳамаи баррандагони ҷоизаи Нобел, ки аз тарафи ман ба ҷашнвора даъват шуда буданд, ба Санкт-Петербург омаданд ва мо дар суҳбати 20 баррандаи ҷоизаи Нобел ширкат кардем. Ҳамаи онҳо вақти худоҳофизӣ изҳор намуданд, ки ҳозиранд боз ба Санкт Петербург оянду дар чунин баҳсҳо ширкат варзанд.

Искандари Хоҷамирзода: "Мактабҳои олии Русия эътибори баланд доранд ва мардуми зиёд куиш мекунанд, ки барои таҳсил дар онҳо роҳ ёбанд, вале сол ба сол чунин имкон камтару камтар аст. Умуман, ҳукумати Русия ислоҳоти соҳаи таҳсили олиро пеш гирифтааст, ки бар пояи он таълими баъзе касбҳо аслан аз байн меравад. Тарзи таҳсилу таълим тағйир меёбад ва ғайраву ҳоказо. Дар ин бора Шумо чӣ фикр доред?

Жорес Алфёров: "Ман аслан муҳофизакор ҳастам ва фикр мекунам, ки пешбурди дурусти ислоҳот: саривақт собит намудани он дастовардҳоест, ки дар ҷараёни ҳаёт, дар тараққӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин аст ислоҳот. Вақте бешуурона дастовардҳои Ғарбро нусхабардорӣ мекунанд, ин кор ғалат аст. Мо ҳам чизи зиёде дорем, ки истифодаи он дар Ғарб фоиданок хоҳад буд.

Албатта мо ҳам чизҳои хуби Ғарбро бояд дар кишварамон ҷорӣ намоем. Таҳқиқ кунем, ки чӣ дар мо беҳтар асту чиро аз онҳо бигирем ба нафъи кор мешавад. Тавре шоири барҷастаи шуравӣ Маяковский мегуфт: "Бубин ки, чӣ чизи мо хуб асту чӣ чизи Ғарб." Дар амал ислоҳоте, ки имруз дар борааш сухан меронанд, мавриди бовариву эътимоди ман нест. Ба фикри ман имруз бадбахтии асосии Русия ин аст, ки мансабдорон фавқулодда нерӯманд буда, на дар паи эҳёи Русия, балки дар паи беҳбуди вазъи шахсии худ мебошанд. Содда гӯям, онҳо дар фикре мебошанд, ки чӣ гуна кори камтар кунанду пули бештар ба даст оранд.

Искандари Хоҷамирзода: "Муҳтарам Жорес Алфёров, дар масъалаи воситаҳои ахбори умум чӣ мегӯед. Нақши матбуот дар ҳаёти имрузаи Русия чӣ гуна аст?

Жорес Алфёров: "Ба фикрам ин суолро беҳуда ба ман матраҳ кардед. Ақидаи ман дар бораи воситаҳои ахбори умум дар тули даҳ соли гузашта манфӣ мебошад. Ман фикр мекунам, ки воситаҳои ахбори умум, хусусан телевизиони мо амалан бо фисқу фуҷур машғул буда, сифати маҳсули он ҳеҷ аст. Дар масъалаи телевизион мо имруз метавонем суханони шоири шаҳири Полша Юлиан Тувимро ба ёд орем. Вай дар бораи радио гуфтааст: "Ихтироъи беҳтарин радио мебошад. Бо як ҳаракати даст, гуши шумо аз шунидани ҳар чиз халос мешавад." Дар телевизион, худоро шукр, боз чизеро ҳам намебинед.

Хуб, ман чӣ гӯям.....

Шумо чизе гуфта наметавонед! Шумо корманди ин соҳа ҳастед.

Искандари Хоҷамирзода: "Хушбахтона радиои мо, Радиои Озодӣ аз пахши ҳар гуна маводи пастсифат худдорӣ мекунад. Мо намехоҳем аз ин роҳ теъдоди муштариёни худро афзоиш диҳем.

Жорес Алфёров: "Албатта Радиои Озодӣ. Ин он Озодӣ-и замони Шӯравӣ нест, ки фақат дар ҷустуҷӯи камбудиҳои мо буд. Имруз Радиои Озодӣ яке аз радиоҳои мӯътабар аст.

Хуб, ба шунавандагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, онҳое, ки ин суҳбатро гӯш мекунанд, чӣ паём доред?

Саломи гарму самимӣ, орзуи сулҳу салоҳ, тараққии иқтисодӣ ва умедворам тоҷикон ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунанд, ки дар Русия онҳо дустони зиёд доранд ва аксари кулли мо шаҳрвандони Русия дар асл дустони тамоми миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошем. Ва бояд ёдовар шавам, ки интернатсионализм дар хуни мардуми рус аст."

XS
SM
MD
LG