Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд хабари фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



Дар шаҳри Кофарниҳон Театри арусак ё лухтак таъсис шуд. Ин театр бо ибтикори ҳунармандон Низомиддин Давлатов ва Шамсиддин Шаҳобиддинов ва мусоидати ҳукумати шаҳри шаҳри Кофарниҳон ташкил шудааст. То кунун дар шаҳри Кофаниҳон танҳо як Театри халқӣ мавҷуд буд.

Мавсими 63-юми театрӣ дар театри Опера Балети ба номи Садриддин Айнӣ бо намоишномаи "Масхарабозон" ба поён расид. Мавсими 64-уми театрӣ дар моҳи сентябр бо намоишномаи Талаб Сатторов оғоз мешавад.

Омодагӣ барои баргузории таҷлил аз ҷашни 110 - солагии зодрузи овозхони шинохта Акашариф Ҷураев дар Тоҷикистон оғоз шудааст. Ба ин муносибат озмуни дастаҳои ҳунарӣ дар чанд марҳила баргузор мешавад, ки феълан дар сатҳои навоҳӣ ва вилоёт ҷараён дорад.

Баргузории фестивали сурудҳои халқии солҳои 70-ум ва 80-ум дар моҳи август дар шаҳри Хуҷанд эълон шудааст. Ин фестивал таҳти номи "Суруд ҳамқадами ҳаёт" баргузор мешавад. Қарор аст, дар ин фестивал 30 гуруҳи ҳунарӣ ширкат кунад. Барои нахустин бор аст, ки фестивали сурудҳои мардумӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Маркази таҳқиқоти байналмилалии Кембриҷ, Зебо Баротова - зани донишманди тоҷикро - ба унвони машҳуртарин одами соли 2003 эълон кардааст. Зебо Баротова - номзади улуми кимиё - дар заминаи поксозии маъданҳо кори илмии беназиреро анҷом додааст.

"Таърихи Бедории Миллӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон" номи китоби профессор Шарофиддин Имомов аст, ки дар шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Профессор Имомов - мудири шуъбаи равобити байналмиллалӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар ин китоб ба воқеъоти ду даҳсолаи ахири таърихи Тоҷикистон баҳо додаст. Ин китоб нахустин талоши илми таърихнигории Тоҷикистон дар ҷиҳати баҳодиҳӣ ба истиқлол ва воқеъоти ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG