Пайвандҳои дастрасӣ

Як афсари тоҷик ба марг маҳкум шуд



Раҳматкарими Давлат

Додгоҳи Тоҷикистон афсари Горди Раиси Ҷумҳур Ироҳим Қаҳҳоровро бо ҷурми куштори се нафар дар авохири солҳои 1990 ба марг маҳкум кард.

Додгоҳи Тоҷикистон афсари Горди Раиси Ҷумҳур Иброҳим Қаҳҳоровро бо ҷурми куштори се нафар дар авохири солҳои 1990 ба марг маҳкум кард. Додгустари Додгоҳи Ннизомии кишвар Фатҳуддин Вайсиддинов ҳукми додгоҳро тасдиқ кард ва гуфт, Қаҳҳоров ҳангоми ифои вазифа дар ноҳияи Турсунзода куштори се нафар шаҳрванди мулкиро тарҳрезӣ ва татбиқ кардааст.

Бо вуҷуди қарори парлумон, дар мавриди коҳиши ҳукми қатл дар Қонуни Ҷиноии Тоҷикистон, таҷрибаи ҳукми қатл дар ин кишвар ҳануз роиҷ аст. Аз 15 банди эъдом дар қонуни ҷиноӣ, панҷ банд боқӣ мондааст, ки ҷиноятҳое амсоли куштор, таҷовуз, амали террористӣ, куштори саросарӣ дар заминаи қавмӣ, ва ҷиноят бо истифодаи маводи кимиёвӣ, биоложӣ ва ҳаставиро дар бар мегирад. Ҷурми подполковник Иброҳим Қаҳҳоров ба ба яке аз ин бандҳо рост меояд.

XS
SM
MD
LG