Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни тоҷик ба Ҳиндустон рафтанд



Соҷидаи Мирзо



Нахустин гуруҳи донишҷуёни Донишгоҳи низомии Тоҷикистон, иборат аз 10 нафар, барои идомаи таҳсил ба Ҳиндустон рафт. Гуруҳи дуюми иборат аз 40 донишҷуи Коллеҷи низомӣ дар наздиктарин фурсат ба онҳо ҳамроҳ хоҳад шуд. Дар ин бора Заробиддин Сироҷов сухангуи Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи у, теъдоди муҳассилини тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Русия коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар муассисаҳои низомии Руссия наздик ба 600 афсари тоҷик ҳунари ҳарбӣ меомузанд. Аммо соли оянда танҳо таҳсили 30 нафар дар назар аст.

Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев мегуяд, иллати аслӣ ин аст, ки бо вуҷуди харҷи маблағӣ зиёд аксар низомиён баъди хатми донишгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон барнамегарданд.

XS
SM
MD
LG