Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон қавл дод, ки силоҳи ҳастаӣ истеҳсол намекунад



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Ин кишвар санади татбиқи Аҳдномаи манъи густариши силоҳи ҳастаиро бо Оҷонси Байналмилаллии Энержии Ҳастаӣ созишнома имзо кард.

Ахиран Тоҷикистон ва Оҷонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ санадеро дар мавриди замонати иҷрои муоҳидаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ ба имзо расонданд.

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Игор Сатторов дар мавриди ин санад гуфт: "Тоҷикистон тааҳуд мекунад, ки аз густариши маводи ҳастаии барои мақосиди сулҳомез истифодашавандааш дар қаламрави худ ҷилавгирӣ менамояд. Оҷонси Байналмиллалии Неруи Ҳастаӣ аз эҷоди мамониат барои рушди иқтисод ва фанноварӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои байналмиллалии он дар соҳаи истифодаи сулҳомези неруи ҳастаӣ худдорӣ мекунад."

Ҷаноби Сатторов ҳамчунин гуфт, оҷонси байналмилаллӣ риояти қавоиди марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъмини саломатии ашхос ва сойири муқаррароти байналмиллали марбут ба мавод ва неруи ҳастаиро ба уҳда мегирад. Ҳамчунон ин созмон нисбати Тоҷикистон мутааҳид мешавад, ки асрои тиҷоратӣ, фанноварӣ ва саноатии Тоҷикистонро дар робита ба маводи ҳастаӣ ҳифз мекунад.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ умдатарин кишвари дорои манобеи маводи ҳастаии бо кайфияти аъло маҳсуб мешавад, ки дар замони шуравӣ қудрати ҳастаии Иттиҳоди Шуравӣ ба ин захоир марбут дониста мешуд.

Тибқи иттилоъи коршиносон дар замоне, ки миёни Олмон, Ҷопон, ИМА ва Иттиҳоди Шуравӣ дар давраи қабл аз оғози ҷанги дуюм талошҳо барои дастёбӣ ба бомбаи атомӣ идома дошт, наздик буд Ҷопон ба тавлиди бомби атомӣ муваффақ шавад, вале ба далели надоштани маводи хом ё урани дорои кайфияти муносиб барои тавлиди он муваффақ нашуд ба ин орзуяш бирасад. Чунин ҳолат боис шуд, ки барномаи ҳастаии вай амалӣ нашавад. Ба ақидаи коршиносон ин урани дорои кайфияти аълои Тоҷикистон буд, ки ба Шуравӣ имкон дод, нахустин бомбаи атомиашро бисозад.

Бинобар ин шуравӣ ба рушди соҳаи маводи ҳастаии Тоҷикистон ба ҳайси тавлидкунандаи маводи хоми ҳастаӣ аҳамияти махсус медод ва ҳатто шаҳреро ба номи Чкаловск дар шимоли Тоҷикистон эъмор кард, ки дар он мутахассисини ҳамин соҳа кор ва зиндагӣ мекарданд ва ин шаҳр мустақиман таҳти идора ва назорати Маскав қарор дошт.

Аммо пас аз суқути шуравӣ ва тағйири низоми байналмиллалӣ шабакаи васеъи тавлиди маводи радиоактив ба хусус уран дар Тоҷикистон аз кор афтод. Акнун Тоҷикистон ба ҷойи фоида аз ин мавод зарар мебинад. Зеро беш аз 10 партовгоҳи маводи радиоактив дорад, ки ба муҳити зисти вай таҳдид мекунанд ва боиси интишори амрози ношӣ аз ин мавод дар шимоли Тоҷикистон мешаванд.

Аз суи дигар фақри фарогир дар кишвар заминаро барои қочоқи маводи радиоактив ба миён меорад. Аз суи дигар коршиносон мегуянд, пойбанди тааҳудоти Оҷонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ гаштани Тоҷикистон ба ҷуз ба душ гирифтани масъулияти ҷилавгирӣ аз густариши маводи ҳастаӣ дигар ҳеҷ суде ба Тоҷикистон намебахшад, зеро ин созмон тавони молии кумак ба рушди иқтисоди Тоҷикистонро надорад. Танҳо суде, ки барои Тоҷикистон ва минтақа асноди имзошуда доранд, таъмини амният ва субот аст, зеро дар сурати аз назорати давлат хориҷ мондани имконоти ҳастаии Тоҷикистон эҳтимоли аз суи аносири баҳамзанандаи субот истифода шудани онҳо вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG