Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт аъзои як оилаи шаҳринавӣ ҳалок шудаанд



Раҳматкарими Давлат



Ҳашт нафар узви як хонавода дар ноҳияи Шаҳринав дар чиҳилкилометрии пойтахти Тоҷикистон бар асари заҳролуд шудан аз маводи ғизоӣ ҷони худро аз даст додаанд. Панҷ нафари дигар, ки маволи олударо истеъмол кардаанд, таҳти муроқибати пизишкон ба сар мебаранд.

Зиёвуддин Афғонов, сардухтури давлатии беҳдоштӣ ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Панҷ нафари онҳо дар шуъбаи реаниматсияи бемористони Шаҳринав ҳастанд, вазъи ду нафарашон вазнин, вазъи се бемори дигар миёна аст. Мо мушовирону дору ва лавозимоти тиббии лозимро барояшон фиристодем, вале то ҳол муайян нест, ки кадом заҳр боиси марги онҳо шудааст. Мо интизори хулосаҳои ташхиси тиббӣ ҳастем."

Ба гуфтаи оқои Афғонов, аъзои оилаи Қурбоновҳо сокини маҳаллаи Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, тибқи хулосаҳои пешакӣ бар асари истеъмоли ғизое заҳролуд мешаванд, ки худи онҳо таҳия кардаанд. Дар ҳоли ҳозир тафтиши авомил ва ангезандаи заҳролудшавӣ аз ҷониби комиссияи махсуси ниҳодҳои беҳдоштӣ ва додситонии Тоҷикистон идома дорад.

XS
SM
MD
LG