Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сел дар ноҳияи Ванҷ ду нафарро кушт



Мирзоҷалоли Шоҳҷамол



Офати табиӣ, ки бегоҳии панҷшанбе дар деҳаи Жумасуни ноҳияи Ванҷ ба вуқуъ пайвастааст, ду нафарро ҳалок ва панҷ тани дигарро маҷруҳ сохтааст.

Бино ба иттилоъи раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ванҷ, Зуҳуршо Хушмамадов аз руи иттилоъи пешакӣ ҷамъшавии об дар байни куҳ ва сарозер шудани он сабаби фалокат шудааст.

Дар пеши роҳи ҳаракати селоб ба суи деҳа 27 коргар, ки аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ истихдом шуда, бо кумаки созмонҳои байналмиллалӣ дар канори рудхона ба бунёди неругоҳи хурди барқӣ машғул буданд, қарор доштанд. Аз хатари бавуқуъомада коргарони боқимонда тавонистанд, ҷон ба саломат бубаранд.

Аммо селоб ду тан аз кормандонро бо худ бурда ва панҷ нафар коргари дигар аз расидани сангу хок ба ҷисмашон ҷароҳати вазнин бардоштаанд.

Селоб дар роҳи худ ҳамчунин 30 сар чорвои мардуми маҳҳалиро ба комаш кашидааст. Селоб бинобар боронравии зиёд ва ҳарорати гарми ҳаво ба амал омадааст. Ноҳияи Ванҷ дар доманаи пиряхи Федченко ва Хирсон ҷой гирифтааст ва дар гузашта низ чунин обхезиҳо дар ин ҷо мушоҳида шудааст.

XS
SM
MD
LG