Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чилу ҳашт фоизи мардуми Тоҷикистон оби дарёву чашмаҳоро истеъмол мекунанд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, фақат 52 фоизи мардум ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ доранд.

Тоҷикистон ба баргузории нишасти байналмиллалӣ пиромуни масоили оби ошомиданӣ омодагӣ мегирад, чунин буд мавзуи меҳварии конфронси матбуотие, ки рузи ҷумъа 4 июл масъулони Тоҷикистон барои хабарнигорон доир намуданд.

Қарор аст, нишасти байналмиллалии масоили оби ошомиданӣ 30-уми август дар шаҳри Душанбе оғоз гардад. Ин нишаст тибқи мусаввабаи Маҷмаъи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид сурат мегирад.

СММ бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов соли 2003-ро соли оби ошмомиданӣ эълон кард. То кунун 12 созмони байналмиллалӣ ризоияти иштироки хешро дар форуми Душанбе ба кумитаи тадорукоти ин нишаст фиристодаанд.

Аммо дар конфронси матбуотӣ таваҷҷуҳи иштироккунандагонро бештар вазъи таъмин будани мардуми Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ ҷалб намуд. Хабарнигорн аз аъзои ҳукумат савол мекарданд, ки чаро мардуми шаҳри Душанбе аз оби гилолуд истифода мекунанд.

Абдукарим Қурбонов, муовини вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон, ки котиби масъули нишасти оби ошомиданӣ низ мебошад, ба ин савол чунин посух дод: "Оби дарёи Варзоб, ки ба шаҳр меояд ва дар иншооти обтақсимкунӣ мерезад. Ин иншооти обтақсимкунӣ аз сангу гил пур шудааст ва об таҳшин нашуда, якбора ба қубурҳо меравад. Ба ғайр аз ин барои тоза кардани об махсус коагулянтҳо лозим аст ва мо имконияти зуд тоза кардани обро надорем."

Ба иддаъои хабарнигорон дар мавриди ин ки 93 дарсади мардуми Тоҷикистон аз оби ошомидании аз лиҳози сиҳӣ номуносиб истифода мекунанд, раиси идораи захоири оби вазорати обу обрасонӣ Анатолий Холматов ҷавоби рад дод ва афзуд: " Наваду се фоиз неву, ҳоло 52 фоизи аҳолии Тоҷикистон аз обҳое, ки ба талаботҳои санитариву биологӣ мувофиқ мебошанд, истифода мебаранд. Чилу ҳашт фоизи мардуми Тоҷикистон обро аз ҷуйборҳову канал ва чашмаҳо истеъмол мекунанд."

Аммо муовини вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон ба иштироккунандагон итминон дод, ки сокинони шаҳри Душанбе сар аз соли 2005 дигар оби аз гилу лой тоза истеъмол хоҳанд намуд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегуянд, яке аз аҳдофи асосии ҳукумати Тоҷикистон аз баргузории нишасти масоили оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе ҷалби сармояи хориҷӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба истифода ва ҳифзи об аст, ки бинобар мушкилоти буҷаи хеш наметавонад, чунин масоилро ҳал кунад.

XS
SM
MD
LG