Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарнавишти Салимов норушан боқӣ мемонад



Раҳматкарими Давлат



Сарнавишти Ёқуб Салимов - вазири дохилаи собиқи Тоҷикистон, ки бо дархости ҳукумати Душабе дар Маскав боздошт шудааст, норушан боқӣ мондааст.

Азизмат Имомов, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ки ба қавли манбаъҳои мухталиф дар раъси як ҳайъат аз ниҳодҳои интизомӣ барои таҳвил гирифтани Ёқуб Салимов ба Маскав рафта буд, ба Душанбе боз гаштааст, вале мегуяд у дар Маскав рисолаи докториашро дифоъ кардааст ва вазири собиқи дохиларо бо худ наовардааст.

Аммо ба ҳайъати ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла муовинони вазоратҳои дохила ва амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳамроҳ буданд ва ба назари таҳлилгарон ин баёнияи муовини додситони кулл баёнгари номуваффақии музокироти у бо мақомоти интизомии Маскав дар мавриди таҳвил гирифтани Ёқуб Салимов аст.

Ин дар ҳолест, ки дар рузи 30 июн Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфта буд, муовини у барои ҳалли қазияи таҳвил гирифтани Ёқуб Салимов ба Маскав рафтааст ва то поёни ҳафтаи равон Ёқуб Салимов бояд ба Душанбе оварда шавад, аммо то даме, ки ҳайъат боз нагаштааст дар мавриди ҷиноёте, ки вазири дохилаи пешин муртакиб шудаааст, изҳори назар нахоҳад кард.

Ба ҳар ҳол ба қавли манбаъҳои мухталиф Ёқуб Салимов, вазири дохилаи пешини Тоҷикистон ва аз фармондеҳони Фронти Халқӣ, ки ҳукумати феълиро дар соли 1992 сари кор овард, бо ҷурми кушиши табаддулоти давлатӣ дар соли 1997 муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи манобеъи ғайрирасмӣ, гуфтугуи Душанбе ва Маскав дар мавриди таҳвил гирифтани Ёқуб Салимов миёни мақомоти болотар аз муовинати ниҳодҳои интизомӣ ва додситонӣ ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG