Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе ва Бишкек ба тавофуқ расиданд



Насибҷон Амонӣ



Дар Бишкек даври сеюми музокироти Комиссияи оид ба аломатгузорӣ ва таъйини марзҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад. Ду тараф ин навбат дар мавриди содда кардани убури ашхос ва васоити нақлиёт аз марзҳо ба тавофуқ расиданд.

Тавре манбаъҳои расмӣ иттилоъ доданд, гуфтушунид аз руи се самт идома дорад, якум ба вуҷуд овардани пояҳои ҳуқуқии аломатгузории марзҳо, дуюм, истифодаи замин ва вазъу тартиби он, сеюм, тартиби истифодаи маводи аз фазо аксбардоришуда ва нақшаҳои арзӣ.

Ба гуфтаи коршиносон, дар аломатгузорӣ ва таъйини марзҳои ду ҷумҳурӣ нуктаҳои баҳснок кам нестанд ва Комиссияи байниҳукуматиро ҷиҳати мушшахас кардани марзҳои ду кишвар, ки алъон аз 600 то 700 ё то 100 километр ҳисоб мекунанд, кори зиёд ва чандин музокироти дигаре дар пеш аст.

XS
SM
MD
LG