Пайвандҳои дастрасӣ

Истисмори гуруҳи занони муҳоҷири тоҷик дар Русия



Муҳаммадраҳими Сайдар

Занони муҳоҷирро маҷбур мекарданд, ки аз соати 8-и шом то субҳ кор кунанд.



То замони озод шудан аз меҳнати ғуломона, занони муҳоҷири тоҷик дар Корхонаи кашбофии вилояти Саратови Русия шароити ниҳояти бади зиндагӣ доштанд. Онҳоро танҳо шабона, аз соати ҳашти шом то ҳашти субҳ кор мефармуданд, то ки ба чашми мардум нанамоянд ва рузона дар як утоқи нимавайрона, ки қобили зист нест, иҷозати хуфтухез медоданд.

Дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав Александр Ландо - намояндаи федералии ҳуқуқи башар дар вилояти Саратови Русия хабар дод.

Александр Ландо гуфт: "Як гуруҳи занони муҳоҷири тоҷик аз Корхона кашбофии ноҳияи Ленини ҳошияи Саратов ба муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд, ки соҳиби корхона паспортҳоямонро гирифтааст ва шаш моҳ аст, ки ҳаққи корамонро намедиҳад. Ман ба корхона рафтам. Занони муҳоҷир дар корхона ҷуроб, либосҳои тагпуш ва ғайраҳо медухтаанд. Дар табақаи саввуми Комбинати хизмати майишӣ, ки комилан хароб аст, барои онҳо ҷои зист додаанд, аммо ин ҷойи зист ба ҳеҷ меъёри беҳдоштӣ созгор набуд."

Муҳофизати ҳуқуқ ба саволи: "Корфармо кист ва занони тоҷик чӣ гуна ба дасти вай афтодаанд?" - гуфт, ки маъмурони корхона ба Тоҷикистон рафта, дар рузномаҳои эълом дода, бо ваъдаи дар ҳар моҳ 12 ҳазор рубл онҳоро ба Саратов кашонидаанд.

Александр Ландо афзуд, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти вилоят мо як миқдор маоши кори шашмоҳаи занонро аз корфармоён руёнидем ва онҳо бо поезд ба Тоҷикистон рафтанд. Ба онҳо ҳам пулиси минтақа ва ҳам соҳибкорон таҳдид мекарданд. Аммо мусоидат кардем, ки онҳо ба зодгоҳашон саломат баргарданд, гуфт Александр Ландо.

Александр Ландо дар ҷавоб ба саволе, ки оё дар Саратов Иттиҳодияи тоҷикон вуҷуд дорад ё не гуфт: "Мо бо Иттиҳодияҳои узбакӣ, арманӣ ва дигарон ҳамкорӣ дорем, вале аз тоҷикон касе ба назди мо наомадааст." Александр Ландо, намояндаи федералии ҳуқуқи башар дар вилояти Саратов тавзеҳ кард, ки гирифтани паспорт, аз рафтуомади озод маҳрум сохтан ва надодани музди кори одамон нақзи сад дар сади ҳуқуқи башар аст ва дар робита ба кори ғуломона маҷбур кардани занони тоҷик дар қиболи соҳиби Корхонаи кашбофии Саратов парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG