Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қиммати газ дар Тоҷикистон боло бурда шуд



Раҳматкарими Давлат



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи рузи сешанбеи худ пешниҳоди афзоиши қиммати фуруши гази табиии ворид шавандаро тасдиқ кард.

Аз ибтидои моҳи ҷорӣ тавзеъи гази табиие, ки аз Узбакистон ворид мешавад, тибқи тарифаҳои навтаъиншуда сурат мегирад. Алихон Каримов - муовини раиси Ширкати давлатии гази Тоҷикистон (Тоҷикгаз) мегуяд: "То имруз 1000 метри мукааб гази табиӣ 180 сомонӣ буд, баъд аз ин 200 сомонӣ мешавад. Яъне газ ба нархи аслии харидаш баробар мешавад. Дар ин ҷо талаботи Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилаллалии Пул низ ба назар гирифта шудааст."

Тоҷикистон бештар аз 90 дарсади гази мавриди ниёзи худро аз Узбакистон ворид мекунад. Ба гуфтаи масъулини Ширкати гази Тоҷикистон, аксари истифодакунандагони гази табиӣ, хусусан, дар шаҳри Душанбе дар қайди истифодаи газ нестанд ва ҳаққи истифода аз газро пардохт намекунанд. Аз як миллион сокини шаҳри Душанбе танҳо бештар аз 200 ҳазор нафар ҳаққи истифодаи газро пардохт мекунаду халос.

Бинобар ин Ширкати гази тоҷик наметавонад, ҳаққи харидории газро ба "Узбектрансгаз" сари вақт пардохт намояд. Гузашта аз ин гази табиӣ ба аҳолӣ бо нархи камтар аз қиммате фурухта мешавад, ки аз Узбакистон харидорӣ мешавад. Аз ин хотир Алихон Каримов мегуяд, танҳо роҳи ҳалли ин мушкил насб кардани ҳисобкунакҳои газӣ мебошад.

Акнун хонаводаҳое, ки ҳисобкунаки газӣ надоранд, бояд ҳар моҳ сари ҳар узви хонавода 6 сомонӣ барои газ пардохт кунанд. Маблағе, ки як баробар аз маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон бештар аст.

XS
SM
MD
LG