Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари боздошти Ёқуб Салимов тасдиқ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Додситони Кулли Тоҷикистон хабари боздошти Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилаи ин кишварро дар шаҳри Маскав таъйид кард. Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли кишвар, рузи душанбе, 30 июн дар суҳбати мухтасари телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Ёқуб Салимов бо дархости ҷониби Тоҷикистон ба иттиҳоми содир кардани ҷиноёти сангин дар Маскав боздошт шудааст.

Генерал Бобохонов додситони кулли Тоҷикистон, ки аз додани иттилооти бештар дар мавриди парвандаи Ёқуб Салимов худдорӣ кард, афзуд ҷузъиёти ин иттиҳомот ва парванда пас аз интиқоли Салимов ба Душанбе ошкор хоҳад шуд.

Ҷаноби Бобохонов ҳамчунин аз додани тавзеҳот дар мавриди ширкати Ёқуб Салимов дар юриши Маҳмуд Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998 дар Хуҷанд худдорӣ кард.

Ҷаноби Бобохонов ҳамчунин гуфт, ки таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ, аз ҷумла Маҳмуд Худойбердиев, Ҳабиб Насруллоев, Хуҷа Каримов, Рустам Каримов - мулаққаб ба Рустами Чортутӣ ва чандеи дигар идома дорад ва худи онҳоро ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои интизомии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ ҷустуҷу менамоянд.

Бар пояи иттилоъи додситони Тоҷикистон, Азизмат Имомов - муовини аввали додситони кулл, бо ҳамроҳии ҳайъате иборат аз масъулини вазоратҳои интизомӣ ва амниятии кишвар бо маъмурони интизомии Русия ҷиҳати истирдоди Ёқуб Салимов ба Тоҷикистон гуфтушунид пеш мебарад ва додситони кулли кишвар муътақид аст, ки охири ҳамин ҳафта Ёқуб Салимов ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG