Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду узви "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт шудааст



Раҳматкарими Давлат



Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки ду аъзои созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" дар шимоли Тоҷикистон боздошт шудаанд. Кормандони шуъбаи умури дохилаи шаҳри Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ин ду танро ба ҳангоме боздошт намуданд, ки дар бозори шаҳр машғули паҳн кардани варақаҳои таблиғотии ин ҳизб буданд.

Дар натиҷаи ҷустуҷу аз манзили афроди боздоштшуда, ки номашон ба далели фош нашудани сирри тафтишот эълом нашудааст, ҳамчунин теъдоди зиёди адабиёти мазҳабӣ ва тарғиботии зидди ҳукуматӣ низ аз манзили онҳо пайдо шудааст.

Аз ибтидоӣ соли равони мелодӣ то кунун 20 тан аъзои Ҳизби Таҳрир боздошт шудааст ва ду чопхонаи махфии ин ҳизб, ки бо дастгоҳҳои чоп ва компютерҳои модерн муҷаҳҳаз буд, кашф ва забт шудааст.

XS
SM
MD
LG