Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фурудгоҳ 1 кило ҳероин гирифтанд



Мирзои Салимпур



Милисаи нақлиёти Тоҷикистон рузи ҷумъа дар фурудгоҳи Душанбе аз борхалтаи мусофирзане, ки бояд ба Маскав парвоз мекард, 1 кило ҳероин ёфтаанд. У ин миқдор маводи мухаддирро дар хамири нони миллӣ ҷой карда буд. Фурушандаи ин маводи мухаддир низ боздошт шудааст.

Генерал Ҷурахон Зоиров, раҳбари идораи вижаи вазорати дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, қочоқбарон маводи мухаддирро дар дохили тарбузу харбузаву анор, дар пошнаи кафш, дар зери муйсар, хулоса дар ҷойҳое пинҳон мекунанд, ки кас ангушти ҳайрат мегазад.

Танҳо дар тули ҳафтаи гузашта маъмурони милисаи нақлиёти Тоҷикистон 9 қочоқбарро боздошт ва аз онҳо ҳудуди 15 кило ҳероин мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG