Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман умуман мехоҳам бигуям, ки халқи Тоҷикистонро бисёр дуст медорам."



Тоҳири Сафар

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Малика Калонтарова

РАДИОИ ОЗОДӢ: Хонум Малика феълан шумо ба чӣ кор машғул ҳастед?

Малика: Ассалому алейкум дустони азиз. Ман аз шумо бисёр узр мепурсам, зеро мехостам русӣ ҳарф занам. Мебахшед, ки ин қадар тоҷикиро хуб намедонам. (Русӣ суҳбат мекунад.)

Ҳамватанони азизи ман, дустони азизи ман. Сокинони азизи Тоҷикистони ман ва тамоми Осиёи Марказӣ ман ҳамаи шуморо дуст медорам ва ҳамаи шуморо дар ёд дорам. Ман феълан дар шаҳри Нйю-Йорк зиндагӣ мекунам, вале то ҳол дар бораи шумо фикр мекунам ва бо ёди шумо ҳастам. Ман баъди муҳоҷират ба ин шаҳр фаъолияти худро аз нав шуруъ кардам, ҳоло дар шаҳри Нйю-Йорк як мактаби калони рақсӣ дорам бо номи "Малика денс скул". Ман дар ин мактаб аслан ба шогирдон рақсҳои шарқиро меомузам.

Дар барномаи рақсҳои шарқии мактаби ман пеш аз ҳама рақсҳои тоҷикӣ шомил аст ва баъдан рақсҳои узбакӣ, эронӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва умуман рақсҳои тамоми миллатҳои шарқ. Ҳамчунин барномаи омузиш ва ташшаккули рақсҳои яҳудиёни Бухороро низ дорем.

Аҷоиб он аст, ки ба мактаби мо на танҳо фарзандони муҳоҷирони Иттиҳоди Шуравии собиқ меоянд, балки фарзандони испаниягиҳо, амрикоиҳо, мексикоиҳо, ҳиндуҳои амрикоӣ, италиявиҳо ва гурҷиҳо низ рақси шарқӣ меомузанд. Ба онҳо барномаи мактаби рақсии мо хеле маъқул аст. Онҳо ритмика, зарби доира, ҳаракати зебои дасту китфу сар дар рақсҳои шарқиро, хеле дуст медоранд ва мегуянд ин як ҳунарест ғайриоддӣ, як сеҳру афсун дар рақс аст.

Ман хеле хушнудам, ки амрикоиҳо ба мактаби ман меоянд ва рақси моро меомузанд. Ман феълан 135 шогирд дорам, аксарияташонро духтарҳо ташкил медиҳанд.

Мо бо шогирдони худ дар тамоми фестивалҳо ҳунарнамоӣ мекунем. Ба ғайр аз ин мо ба тамоми кунҷу канори Амрико сафар карда ва барномаҳои худро пешкаш менамоем. Мо чанде пеш дар Вашингтон будем ва дар фестивали бошукуҳи "Шоҳроҳи Абрешим" ширкат кардем."

РАДИОИ ОЗОДӢ: Ба ғайр аз шаҳрҳои Амрико, аз ҷумла Вашингтон оё шумо ба дигар кишварҳо сафари ҳунарӣ накардаед?

Малика: "Албатта мо дар Австрия, Ҳолланд, Исроил ва Австралия будем. Дар ин ҷо ҷашнвораҳои фолклори мардуми тоҷики Бухоро гузашта буд ва мо танҳо рақсҳои мардумиро иҷро кардем."

РАДИОИ ОЗОДӢ: Хонум Малика мо шунидем, ки писари шумо ҳам як раққоси машҳури Амрико аст, ин дуруст аст?

Малика: "Бале, бале. Ман бояд бигуям, ки писари ман Артур ҳануз аз овони хурдсолӣ ҳунарнамоиро дар Душанбе оғоз карда буд. Мо сабти рақсҳои уро дар Театри опера ва балет дар ҷашни Малика Собирова ва дигар ҷашну съездҳо дорам. Ҳануз аз айёми наврасӣ ман ҳамроҳи вай мерақсидам. Ҳангоме ки мо ба Нйю-Йорк омадем, дар аввал барои у душвор буд, зеро дар ин ҷо худро муаррифӣ кардан ва нишон додан хеле мушкил аст.

Аммо Артур ба мушкилиҳо тан надод, вай як руз гуфт, модарҷон шумо дар шуравии собиқ раққосаи машҳур будед, ва ман низ мехоҳам мисли шумо, вале дар ин ҷо маъруф шавам. Ман ба у посух додам, ки писарам он ҷо як ҷумҳурӣ буд ва ҷумҳурии ман маро муаррифӣ кард ва машҳур гардонд. Аммо дар ин ҷо тамоми дунё аст ва ба ин муввафақият расидан хеле мушкил аст, вале Артур гуфт: "Не ман ба ин орзуи худ мувафақ хоҳам шуд".

Вай пайваста меомухт ва машқи рақс мекард. Писандидатарин рақсҳои у, рақсҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ буд. Вай дар ин ҷо рақсҳои амрикоӣ, аз ҷумла ҷазз, латин, чача, румба, самба ва ғайраро низ омухт. Аммо у дар омезиши ин ҳама анвои рақси амрикоӣ бо рақсҳои шарқӣ бурд кард. Рақсҳои омехтаи у ғайримуқаррарӣ буд ва дар яке аз озмунҳои шаҳри Манхеттен беҳтарин раққосҳоро барои ширкати фаронсавии "Серки де селлей шоу о" интихоб карданд. Ин ширкати маъруф дар шаҳри Лас Вегаси Амрико кор мекунад ва писари ман ҳамеша мегуфт, ки дар ин ширкат кор ва дар намоишҳои афсонавии он ҳунарнамоӣт кунад. Баъди он ки ҳунари уро диданд ва бо у шартнома имзо намуданд, Артур гуфт, наход орзуи деринаи ман амалӣ мешавад. Хулоса у ҳоло дар ин ширкат кор мекунад ва ман бо ин мефахрам. Артур орзуи дигар низ дорад, ки ин орзуи бори дигар ба Тоҷикистон рафтан аст."

РАДИОИ ОЗОДӢ: Шумо ҳам Тоҷикистонро ёд мекунед ва орзуи дубора дидани онро доред?

Малика: "Албатта, албатта, магар Тоҷикистонро метавон фаромуш кард, Не. Ман то ҳол дар дилам, дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунам. Албатта ман ҳам мехоҳам, ҳатман ба Душанбе равам ва бо писарам Артур. Артур мегуяд, модарҷон ман ҳангоме хурд будам дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекардам ва акнун, ки ба воя расидам, мехоҳам ҳунари худро ҳамроҳи шумо дар ватанам намоиш диҳам.

Ман мегуям, ҳатман мо ягон руз ба он ҷо меравем, ҳатман меравем. Агарчанде моро президент Раҳмонов даъват карда буд, - "ташшакур барои даъват" - аммо бинобар мушкилиҳо натавонистем ба Душанбе равем. Аммо ҳоло фикр мекунам, ки ҳоло ҳама чиз дар ҷойаш ҳаст ва мо ҳатман ва ҳатман орзу дорем, ки дар Тоҷикистон бошем ва меҳру муҳаббати худро ба сокинони кишвар иброз дорем, зеро равони мо ва дили мо дар Тоҷикистон аст."

РАДИОИ ОЗОДӢ: Аз Тоҷикистон ёд кардем. Дар Тоҷикистон ҷойи дустдоштаатон ва ғизои дустдоштаатон кадом буд?

Малика: "Дустоштатарин ғизои ман оши палов аст, аммо ман тамоми мардуми Тоҷикистонро дуст медорам. Мардуме, ки маро дар тамоми ҷо бо хушӣ ва муҳаббат пешвоз мегирифт. Ман ба тамоми ҷо рафтанро дуст медоштам, чӣ он деҳа аст, ноҳия аст ва ё шаҳр. Дар тамоми хонаҳо маро бо пиёлаи чой ва меҳру муҳаббат пешвоз мегирифтанд, инро ҳатто ман дар замони ҷанги дохилӣ эҳсос мекардам. Ҳодисаҳои гуногун буд, афроди ношинос барои гирифтани чизе ба хонаи ман медаромаданд, аммо ҳангоме ки акси маро медиданд, мегуфтанд: "Оҳ апаи малика, устоди мо, муаллими мо, ин шумо. Шумо дар Тоҷикистон мӣ? Шумо аз ин ҷо нарафтед? Э братишка рафтем аз ин ҷо, дар ин хона апаи мо зиндагӣ мекунад! Ин апаи мо хизмати моро кардааст. Вай қишлоқи мо омада буд, ман майда будам. Шаш соат рақс кард, аз пояш хун рафт, наистода фақат рақс кард. Ман инро фаромуш накардам. Ин апаи мо барои халқ хизмат кардааст. Мо братишка аз ин хона ҳеҷ чиз намегирем. Рафтем аз ин хона. Ин апаи мо, устоди мо" - гуфтанду баромаданд.

"Ҳамон вақтҳо боз як бор модарам нимашаб телефон кард, ки ба хонаи мо биё Маликаҷон чунки ҳолам бад аст, дилам дард мекунад. Ман гуфтам, ҳозир "комендантский час", чӣ хел ман пеши шумо равам. Вай гуфт биё. Хайр ман рафтам, ҳамроҳи шавҳарам ба мошин шиштам ва рафтем. Баъд моро дар роҳ доштанд ва гуфтанд, ки барои чӣ шумо дар ин вақт дар берун баромадед. Ман гуфтам, мебахшед, ман Малика модарам касал. Онҳо ҳайрон шуданд, ва гуфтанд, ки Малика шумо берун баромадед, боз шуморо накушанд. Биёед мо шуморо мебарем гуфта, гирифтанду пеши модарам оварданд."

Вақте ман ба Америка омадам аз ман журналистҳо мепурсиданд, ки чӣ гуна аст, кишвари шумо. Ман мегуфтам, ман халқи худро дуст медорам. Ман дар Тоҷикистон намегуфтам, ки ин қишлоқа дуст медорам вайаша не, ё ин одама дуст медорам, дигарашро не барои ман ҳама як буданд. Ғарму Помиру Кулобу Ленинобод барои ман ҳама як буданд. Ман фақат рақси худамро ба мардум медодам. Ду фарзанди ман ду писари ман дар ин ҷо таввалуд шуданд. Ман умуман мехоҳам бигуям, ки халқи Тоҷикистонро бисёр дуст медорам."

РАДИОИ ОЗОДӢ:Ва охирин суол. Орзуи шумо ба шунавандагони Радиои Озодӣ ва умуман ба мардуми тоҷикзабон.

Малика: "Дустони азиз, ман ба шумо саломи гарму ҷушон мерасонам. Ҳеҷ касалиро набинед. Ҳамеша хушу хурсандона зиндагӣ кунед. Ман ҳамаи шуморо ба хонаи худ даъват мекунам, ман мумкин пас аз ду се мо ба хонаи нав мекучам.

Ба ҳамаи шумо оромиву сулҳ хоҳонам. Қадри ҳамдигарро бидонед, ҳамдигарро дуст доред, зеро умр хеле кутоҳ зудгузар аст. Ман мехоҳам, ки Тоҷикистон чуноне ки ман аз айёми кудакиам медонам зебо бимонад. Ман ифтихор мекунам, ки дар Тоҷикистон таввалуд шудаам ва дар таввалудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе. Ба Тоҷикистон ва мардуми азизи ин кишварам хушбахтӣ, сиҳатӣ орзумандам. Саломат бошед, ман ҳамаи шуморо дуст медорам."

Қисме аз мусоҳиба бо забони русӣ сурат гирифта ва ба тоҷикӣ тарҷума шудааст.

XS
SM
MD
LG