Пайвандҳои дастрасӣ

Рузи Ваҳдат дигар бо шукуҳи пешинааш таҷлил намешавад



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Дигар Раҳмонов ҳамроҳи Нурӣ аз болои минбар ба мардум дастафшонӣ намекунанд ва аз ин сана низ фосила мегиранд.

"Ҷанги шармандавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад." -

- навишта буд, Лоиқ Шералӣ ба муносибати имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 аз ҷониби давлат ва мухолифини сиёсиву низомиаш ба имзо расид.

Ин рузе буд, ки мардум 5 сол интизораш буд, 5 соли қатл оташсузӣ ва хашму нафрат. Аммо имруз шаш сол аз ин руйдоди таърихӣ сипарӣ мешавад. Ва ҳар қадар мардум аз ин руз дур мешавад, ҳамон қадар аз бадбахтиҳои ҷанг дур мешавад ва сулҳ дигар барояш ба як ҳолати маъмулии ҷомеа табдил мешавад, зеро сулҳро дар қиёс бо ҷанг метавон беҳтар дарку эҳсос кард.

Имсол баръакси солҳои гузашта дигар Рузи Ваҳдат ба он шукуҳу ҳашамати қаблӣ аз суи макомоти давлатӣ таҷлил нашуд, балки сулҳ на бо мақомот балки бо мардум ҳамгом шудааст. Як муйсафедро, ки барои рафтан ба масҷид шитоб дошт, нигаҳ доштам ва пурсидам: "Имруз чӣ рузест?" - мегуяд, рузи сулҳу ваҳдат, пурсидамаш, ки сулҳро чӣ гуна дарк кардааст ва посухам медиҳад: "Ҳозир ҳамин ки тинҷ ҳастем аз ҳама ҳазор бор шукр чиз ҳамин хуб аст. Дар Афғонистон ҳозир ҳам ҷанҷол аст, лекин ҳазор бор шукр, ки раҳбарони мо моро ба ҳамин дараҷа расониданд. Ягон бача дар хонааш истода наметавонист. Лекин ҳоло ҳам одамдоро нон ёфта хурда истодаанд, мошини сиёҳ дар таги пояшон. Аммо камбағал ба дасти онҳо афтад кораш сухт, то лифаи изорашро мекобанд. Қонун кардем, қоида кардем, пас ҳамаро баробарӣ кунед."

Ба назари мардуме, ки аз сиёсат дур аст, Созишномаи сулҳ ба ҷуз аз хатми ҷанг дастоварди каме доштааст, ба хусус дар бахши иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Вақте бо як ҷавон дар бораи Рузи Сулҳ ҳамсуҳбат шудам, чунин гуфт: "Ҳамин қадар ки тинҷӣ овард, вале метавонистанд дигар беҳбудиро низ оранд. Лекин мутаасифона то имруз дараҷаи зиндагии мардум ниҳоят паст аст. Ба фикрам баъди созишнома фақат тақсими мансабҳо шуду тамом. Ягона беҳбудӣ ҳамин буд, ки ҷанг хотима дода шуд."

Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон пас аз хатми ҷанг Тоҷикистон қавонини зиёдеро барои эъмори як ҷомеаи демократӣ қабул кардааст, агарчӣ ин қавонин ба андозае, ки низоми демократиро таъмин кунанд, амалӣ намешаванд. Ҳануз мамониатҳои зиёде дар бахши озодии матбуот, озодии баён, дастрасии мардум ва рузноманигорон ба иттилоъот дар мавриди фаъолиятҳои ниҳодҳои иҷроияи ҳукумат вуҷуд доранд.

Раиси Ҳизби Наҳзат Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар як нишасте, ки ахиран ба муносибати бузургдошти шашумин солгарди имзои Созишномаи сулҳ баргузор шуд, аз неруҳое дар дохили ҳукумати иҷроия сухан гуфт, ки бо аъмоли худ ба сулҳ ва субот дар ҷомеа халал ворид мекунанд.

Вай дар ин замина чунин баён дошт: "Гуруҳи наве дар ҷомеаи тоҷик ба вуҷуд омадааст, ки қишри мутаввасити ҷомеаро ташкил мекунанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки воқеан азоби ҷангро надидаанд ва ин гуруҳ одамо гоҳ-гоҳ бепарвоёна, огоҳона ё ноогоҳона иқдомҳое мекунанд, ки боиси муташанниҷ шудани вазъ, нобовариҳо, барҳам задани умедҳо, ҳатто халалдор кардани сулҳу оштӣ мешаванд."

Таҳлилгарон мегуянд, интизор мерафт, имзои Созишномаи сулҳ дар кишвар як низоми воқеан демократиро ба вуҷуд меовард, вале он ба ҷуз аз зоҳиран оштии ду ҷониби даргир умедҳои дигари мардумро бароварда насохтааст.

XS
SM
MD
LG