Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рузи Ваҳдат дар Душанбе таҷлил шуд



Нурмуҳаммади Холзода



Рузи ҷумъа, 27 июн Рузи Ваҳдат буд. Шаш соли пеш 27-уми июни соли 1997 дар Кохи Кремли Маскав ҷониби давлати Тоҷикистон ва мухолифонаш бо миёнҷигарии созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои дуст мувофиқатномаи сулҳи тоҷиконро имзо карданд.

Ҳар қадр, ки ҷонибҳои сулҳи тоҷикон аз ин сана фосила мегиранд, ба ҳамон андоза Рузи Ваҳдат шукуҳи худро аз даст медиҳад. Ахиран Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - яке аз ҷониби имзокунандаи санади сулҳ гуфт, риояти моддаҳои мувофиқатнома дубора дар маърази хатар қарор гирифтааст.

Вай 25 июн ҳангоме, ки Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон аз ин сана таҷлил мекард, бо назардошти боздошти муовини раиси ин ҳизб чунин изҳори ақида кард: "Воқеан чунин суолҳо ба вуҷуд меоянд, ки кофтуков кардану ҷустуҷу кардани ҷиноятҳои собиқ агар бошад, пас он иддае, ки аз ҷонибдорони собиқ оппозитсионро куштаанд, террор кардаанд, онҳоро кӣ ба ҷавобгарӣ мекашад. Ошкор мегуям ва боварӣ дорам, ки дастгир кардани Эшони Шамсиддинхон маҳз ба ҳамин хотир буд. Аз тарафи кӣ ташвиқ шуд, чаро дастгир шуд, вале ман аз он норозӣ ҳастам, ки чиновникҳо бо баҳонаи ҳамин ба ҳама ҷо даст мезананд. Ҳама касро зери тафтишу ин чизҳо қарор медиҳанд, мехоҳанд пои ҳамаро ба ҷинояту даст доштану ҳамин чизҳо бикашанд. Ва ин хеле хатарнок аст барои оянда ва тамоман мухолифи сулҳ аст."

Аммо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми худ дар робита ба Рузи Ваҳдат гуфт, мардуми Тоҷикистон бояд манфиати миллиро аз ҳар гуна манфиати гуруҳиву ҳизбӣ боло гузоранд. Вай саҳми созмонҳо ва кишварҳои мухталифро дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Аммо дар остонаи Рузи Ваҳдат, Раҳматулло Зоиров - мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба нишони эътироз аз қонуншиканиҳо дар референдуми роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосӣ аз мансабаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG