Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳҳоров хабари таркишро рад кард



Искандари Хоҷа Мирзода



Хабаргузории "Итар-Тасс" рузи ҷумъа, 27 июл иттилоъ дод, ки шаби панҷшанбе дар назди бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе таркиш ба амал омад. Ба қавли "Итар Тасс" бар асари таркиш касе ҷароҳат набардоштааст ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тафтиши ҳодисаро шуруъ кардаанд.

Ва аммо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ин хабарро рад кард. У гуфт, дар назди бинои вазорати умури дохилӣ як балони мошин таркидаасту халос.

Дар бораи вазъи ҷиноӣ дар арафаи Рузи Ваҳдат Қаҳҳоров гуфт, ки дар натиҷаи ҷанҷолҳо дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Қайроққум ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ва ҳамчунин кормандони вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Ҳисор панҷ килограмму ҳафтсад грамм ҳероин мусодира карданд.

XS
SM
MD
LG