Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмонов мардумро табрик гуфт



Соҷидаи Мирзо



Президент Эмомалӣ Раҳмонов, дар остонаи рузи ваҳдати миллӣ, ё солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ваҳдату истиқлолиятро як мафҳуми воҳид арзёбӣ кард, нақши мардуми тоҷик ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалиро дар расидан ба ин руз муҳим шумурд.

Президент аз гуногунандешӣ, ҳамчун намунаи рушани демократия ва фарҳанги байналмиллалӣ ёдовар шуд, аммо гуфт, бояд аз ҳама гуна тамоюлҳои тобеъият ба манофеъи танги ҳизбиву гуруҳӣ ва фардӣ дур шуд ва манфиатҳои милливу умумибашариро аз ҳама ҳама гуна ғараз боло гузошт.

Рузи гузашта, 25 июн мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раҳбари ҳизби Сотсиал-Демократ Раҳматулло Зоиров ба нишони эътироз алайҳи набуди арзишҳот демократӣ дар кишвар аз мақоми худ истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG