Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон ба тавлидгари асосии маводи мухаддири ҷаҳон табдил ёфтааст, мегӯяд Созмони Милал



Салими Аюбзод

Калонтарин тавлидгарони маводи мухаддир, аз саҳна берун шуданд ва ҷойи онҳоро Афғонистон ишғол кардааст.

Дар ҳоле ки тавлиди афюн дар собиқ, ба истилоҳ секунҷаи тилло, нуқтаи пайванди Мианмар, Таилонд ва Лаос, солҳои охир 40 дарсад кам шудааст, афзойиши он дар Афғонистон ба андозае расидааст, ки акнун ин кишвар наздики 80 дарсади афюни ҷаҳонро ба вуҷуд меорад, гуфта мешавад дар гузориши Идораи СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ки рӯзи чоршанбе ба нашр расид.

Дар баробари ин, хурд шудани бозори маводи мухаддир дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон бо хабари бади густариши ин бозор дар маҳалҳои дигар ва афзойиши роҳҳои қочоқ тира мегардад.

Антонио Марио Коста, мудири иҷроияи Идораи СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар маросими муаррифии ин гузориш гуфт, коҳиши тавлиди маводи мухаддир на танҳо дар секунҷаи тилло, балки ҳамчунин дар кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ низ ба мушоҳида расид. Бо вуҷуди ин кокайини тавлиди ин минтақа омили ташвиши амрикоиҳо, ҳеройин дарди сари осиёиҳо ва бангдона ё канаб ҳамчун мушкили африқоиҳо боқӣ мондаанд.

Вай афзуд, парвариши кӯкнор дар Афғонистон онгуна маъмул мебошад, ки ҳамаи гурӯҳу ҷомеъаҳои қавмӣ бо ин кор машғуланд. Аз сухангӯйи Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ Кемал Курсбаҳич пурсидам, оё заминаҳои коҳиши тавлиди ин мавод дар кишварҳои ЧинуМочин ва Анд чӣ будааст ва оё метавон ин таҷрибаро дар Афғонистон низ истифода кард?

Вай гуфт: "Бале, албатта. Ба фикрам, муҳимтарин омилҳои коҳиши тавлиди ин мавод дар кишварҳои мазкур дутоанд, ки ҳамзамон истифода шудаанд. Яке иваз кардани он бо зироати дигари фойидаовар ва дигаре таҳкими ин давлатҳо дар иҷрои барнома ва қонунҳои зидди маводи мухаддир. Ин дуро метавон дар Афғонистон ба кор бурд. Аммо бояд воқеъбин бошем. Афғонистон кишварест, ки бар асари бист соли ҷанг валангор гаштааст. Ҳукумати нав ҳанӯз бар кишвар назорати комил надорад. Аммо ин хуб аст, ки ҳукумати оқои Карзай худро пойбанди мубориза бо парвариш ва қочоқи маводи мухаддир медонад ва барномаи даҳсолаи маҳви хашхошро барои то соли 2013 эълон кардааст. Мо бояд дар ин кор ба онҳо ёрӣ расонем."

Дар ҳошияи гузориши худ Идораи СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ хабареро нашр кард, ки СМ якҷо бо Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон як барномаи нави назорат бар маводи мухаддирро дар пеш гирифтааст, ки дар рӯзи қабули қатъномаи нави Шӯрои Амният дар мавриди таъмини амният дар Афғонистон ва мубориза бо кишту парваришу кочоқи маводи мухаддир ба имзо расид. Ва дар

Рӯзи байнулмилалии мубориза бо маводи мухаддир СММ барномаи маърифатиеро барои ҷавонону наврасон оғоз кард, ки ҳадаф дорад, зиёнҳои истеъмоли ин маводро таблиғ намояд.

XS
SM
MD
LG