Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишаст дар мавзуи муҳоҷират поён ёфт



Салими Аюбзод



Намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар Чулпонатои Қирғизистон бо ташаббуси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират қонунгузориҳои ҳамдигарро дар масъалаи муҳоҷирати нирӯи кор ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон баррасӣ карданд.

Ҷамшед Қуддусов, мудири бахши бозори кор дар вазорати шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дошт, гуфт: "Ин аллакай сеюмин мулоқоти машваратист, ки бо ташаббуси Бишкек ва кӯмаки ниҳодҳои байналмиллал баргузор шуд ва метавон гуфт, амалан аввалин қадам аст, дар ҳамкории бонатиҷаи кишварҳо.

Имрӯз, дар ин нишаст, изҳор шуд, ки аз тарафи ниҳодҳои муайян ҳуқуқи муҳоҷирон поймол мешавад, дар марзҳо мушкилот ба амал меояд. Тарафҳо мавҷудияти чунин масъалаҳоро эътироф карданд ва розӣ шуданд, ки бо чунин падидаҳо бояд мубориза бурд, то худсарии ниҳодҳо ва ё амалдорони алоҳида дар муносибат бо муҳоҷирон ба миён наояд."

XS
SM
MD
LG