Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "РусАл"-и Русия қасди харидории Корхонаи Арзизи Тоҷикистонро дорад



Мирзонабии Холиқзод

Ин корхона дуввумин нерумандтарин ширкати соҳаи алюминиум дар ҷаҳон дониста мешавад.

Александр Булигин - мудири кулли ширкати "РусАл" мегуяд, ин ширкат ният дорад, корхонаи "АЛСКОН"-и Нигерия ва Корхонаи алюминиуми Тоҷикистонро харидорӣ кунад. Тавоноии тавлидотии ин корхона 517 ҳазор тонна алюминиум дар як сол мебошад.

Аммо бар асоси иттилои Оҷонсии зиддимонополӣ ё зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон, феълан Корхонаи арзиз дар монополияи ҳукумат буда, ба хусусигардонии он иҷоза дода нашудааст.

Муовини раиси раёсати сиёсати зиддимонополии Оҷонсии зиддимонополии Тоҷикистон Саидалӣ Зарифов ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусигардонии Корхонаи арзиз аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ мумкин нест. Зеро ин корхона моҳияти стратегӣ дорад. Қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 295 аз моҳи июли соли 2002, барои харидории корхонаҳои муҳими Тоҷикистон иҷоза намедиҳад. Вале барои ҳар ширкат, хоҳ дохилӣ ва хоҳ хориҷӣ қабл аз харидорӣ иҷозаи расмии Оҷонсии зиддимонополӣ зарур аст".

Дар ҳоли ҳозир 48 дар сади тавлидоти Корхонаи арзизи Тоҷикистонро Голландия ва беш аз 30 дар сади онро Туркия харидорӣ мекунад. Ин корхона аз нигоҳи тавоноӣ ва технологияи нав, дар ҷаҳон, дар ҷои сеюм мебошад.

Корхонаи алюминиуми "РусАл", ки аз моҳи апрели соли 2000-ум инҷониб ҳамчун ширкат фаъолият мекунад, дар ҷаҳон дуввумин нерумандтарин ширкати соҳаи алюминиум дониста мешавад. Ин ширкати иборат аз ду корхонаи арзизи Русия 10 дарсади алюминиуми ҷаҳон ва 70 дар сади арзизи Русияро тавлид мекунад. Ва ҳар сол дар ҳаҷми 4 млрд доллар алюминиум мефурушад.

Мудири кулли ин ширкати бонуфуз Александр Булигин мегуяд, феълан ҳаҷми истеҳсоли алюминиум ба дувуним миллион тонна оварда шудааст ва дар панҷ соли оянда ҳаҷми тавлид ба беш аз 3 миллион тонна боло бурда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир харидорони фаъол ва аслии ширкати "РусАл" Иёлоти Мутаҳида ва Ҷопон мебошанд. Акнун "РусАл" мехоҳад, ҳузури худро дар кишварҳои Шарқи Осиё ва Мексика густариш диҳад.

XS
SM
MD
LG