Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фишурдаи гузориши солонаи ФБҲ роҷеъ ба авзои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон



Тоҳири Сафар

Ин созмон мегуяд, чун дар солҳои гузашта, соли 2002-ум ҳукумати авторитарии Эмомалӣ Раҳмонов озодии баёнро маҳдуд мекард.

Бо пайвастани Тоҷикистон ба Эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ, ки пас аз 11 сентябр зери сарпарастии Амрико таъсис ёфт, тавваҷуҳи ҷомеаи байналмилал ба Тоҷикистон афзоиш ёфт. Аммо мутаасифона мегуяд, Федератсияи Байналмиллалии Ҳелсинки ин тавваҷуҳ таконе барои беҳбуд бахшидан ба авзои ҳуқуқи башар дар ин кишвар нашуд.

Созмони мазкур мегуяд, чун дар солҳои гузашта, соли 2002-ум ҳукумати авторитарии Эмомалӣ Раҳмонов ҳуқуқи озодии афкору баёни мардумро маҳдуд кард. Созмони меафзояд, ҳарчанд соли гузашта дар Тоҷикистон се радиои мустақил иҷозаи фаъолият гирифтанд ва парвандаи ҷиноии хабарнигор Додоҷон Атоуллоев лағв гардид, аммо ҳукумат ҳамчунон монеъи рушди озодии баён шуд ва хабарнигорон низ аз банди худсенсорӣ раҳо нашуданд.

Аарон Родс - раҳбари Федератсияи Байналмиллалии Ҳелсинки рузи чоршанбе ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, авзои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз вазъи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ фарқ мекунад, аммо шабоҳат ин аст, ки дар ҳамаи онҳо нақзи густурдаи ҳуқуқи башар ба назар мерасад: "Тоҷикистон хусусиятҳои худро дорад, вале ҳамзамон бархе мушкилоти ин кишвар монанди мамолики дигари Осиёи Марказӣ аст. Муттасифона мардуми Тоҷикистон аз ҳуқуқи зиёд бархурдор нестанд, махсусан аз ҳуқуқи озодии баёну андеша. Ин ҳуқуқи онҳо шадидан помол мешавад ва ин вазъият хоси кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ҳаст."

Раиси ин созмони нозири ҳуқуқи башар ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, илова бар он ки низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумату мақомоти расмии давлат аст, сохторҳои интизомии кишвар таҳқиқоти одилона намебаранд ва то ҳол муттаҳамону гумонбарон дар ҷиноятро ҷабру азоб мекунанд: "Дар Тоҷикистон то ҳол истифода аз шиканҷа вуҷуд дорад. Муттаҳамон аксар вақт зери азияту шиканҷаи маъмурони интизомӣ гуноҳро ба гардан мегиранд. Ва касоне, ки шиканҷа мекунанд ба ҷавогарӣ кашида намешаванд. Соли гузашта чанд нафар кормандони сохторҳои интизомӣ барои азияти маҳбусон ба ҷавогарӣ кашида шуданд ва ман фикр мекунам, ин як қадаме ба пеш аст.

Дар гузориши Федератсияи Байналмилалии Ҳелсинки ҳамчунин омадааст, ки соли гузашта чанд нафар, ки зери азобу шиканҷа гуноҳро ба душ гирифта буданд, зиндонӣ ва ё ҳатто қатл шуданд. Ин хатар, ки мегуяд созмон, одамони бегуноҳ дар оянда низ зиндониву қатл мешаванд, хеле зиёд аст.

Созмони мазкур вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, мегуяд, шароити маҳбасҳо ногувор боқӣ мемонад ва аз ин сабаб маргумири маҳбусон зиёд аст.

Дар гузориш ҳамчунин омадааст, президенти Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва тундгароии мазҳабиро аз авлавиятҳои кори ҳукумат хонда, ба ин баҳона саркубии ҳаракатҳои исломии мухолиф ва институтҳои диниро афзоиш дод. Аз ҷумла дар вилояти Суғд масҷидҳо баста ва исломиёни мухолиф ба маҳкама кашида шуданд.

Созмони назорат бар ҳуқуқи башар ба вазъи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон назар андохта, гуфтааст, ҳукумат соли гузашта барои сиёсати пешгирифтаи "паноҳгоҳ надодан ба муҳоҷирон" ва депортатсияи ду гуруҳи оворагони афғон аз ҷониби Комиссариати Паноҳандагони Созмони Милалли Муттаҳид сахт танқид шунид.

Аарон Родс, раҳбари Федератсияи Байналмиллалии Ҳелсинки дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз референдуми гузаштаи Тоҷикистон ёдовар шуд. Вай гуфт, ин референдум ва эҳтимоли то соли 2020 боқӣ мондани президент Раҳмонов дар қудрат нишонаи сиёсии хубе барои тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон намебошад.

XS
SM
MD
LG