Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои марзбонони тоҷику рус шуруъ шуд



Соҷидаи Мирзо



Александр Кожевников, ноиби фармондеҳи Гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон гуфт, хатари убури гуруҳҳои байналмиллалии террористӣ аз марзи Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамчунон ҷиддӣ боқӣ мондааст.

Ин мақоми низомии Русия афзуд, бо вуҷуди амалиёти зиддитеррористии Амрико боз ҳам теъдоди чашмраси нафарони Ал-қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон дар хоки Афғонистон ҳузур доранд. Ба маълумоти генерали рус гуруҳҳои парокандаи террористӣ, бо шумули чеченҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ҷамъ омада, аз кушиши убури марзи Тоҷикистон даст намекашанд.

Изҳороти мақоми марзбонии Русия дар рузи шуруъи тамрини муштараки низомиёни рус ва тоҷик пахш гардид. Генерал Коженков ин тамринро барномавӣ арзёбӣ кард ва гуфт, машқи сарҳадбонҳо бо назардошти вазъи феълии марзи Афғонистону Тоҷикистон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG