Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Олӣ ду нафарро ба марг маҳкум кард



Соҷидаи Мирзо



Додгоҳи Олии Тоҷикистон рузи чоршанбе, 25 июн ду нафарро бо ҷурми куштори барқасдона ё тарҳрезишуда ба марг маҳкум кард. Ба гуфтаи додгоҳ ин ду нафар Умарбек Пиров ва Парвиз Ҳаётов ба гуруҳе сарварӣ мекарданд, ки ба ҷиноятҳои вазнине амсоли қатлу куштор даст доштааст.

Панҷ узви дигари гуруҳ ба муҳлатҳои мухталиф зиндонӣ шуданд. Эълони ҳукми эъдоми ин ду нафар дар ҳоле пахш гардид, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод кард, теъдоди ҷиноятҳое, ки барои онҳо ҳукми қатл муқаррар шудааст аз 15 то 5 адад кам карда шавад.

XS
SM
MD
LG