Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА:"Референдуми Тоҷикистон шаффоф набуд."



Абдуқайюми Қайюмзод



Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо пахши як изҳорот аз дараҷаи таъмини шаффофият дар шумориши оро ва натоиҷи раъйпурсии ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон, ки рузи 22 июн доир гардид, изҳори нигаронӣ кард.

Салла Кайҳко - мушовири масоили ҳуқуқ дар намояндагии САҲА дар Тоҷикистон гуфт, созмони онҳо дар назорати раванди ҳамапурсии ислоҳоти Қонуни Асосӣ ширкат надошт, аммо бар ин аст, ки эълони 96 дарсади иштироки интихобкунандагон нигарониҳоро дар мавриди то куҷо дақиқ будани ин арқом ба миён овардааст.

Дар изҳороти САҲА ҳамчунин аз ислоҳи бархе аз моддаҳои Қонуни Асосӣ, ки дар онҳо ҳуқуқи инсон риоят нашудааст, аз ҷумла моддаи 49-и Сарқонун, ки дар он барои узви Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон доштани таҳсилоти олӣ ҳатмӣ хонда мешавад, интиқод шудааст.

Дар изҳороти САҲА гуфта мешавад, ки дар қонунҳои марбут ба референдум камбудиҳо вуҷуд дорад, минҷумла дар иртибот ба таъмини шафофияти шумориши оро ва баррасии чигунагии раъйҳои ҷамъшуда.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар паҳлуи Созмони Милали Муттаҳид яке аз дуввумин созмони байналмилалист, ки бо вуҷуди даъвати мақомоти Тоҷикистон дар амри назорати ҷараёни баргузории ҳамапурсӣ ширкат накард.

XS
SM
MD
LG