Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари матбуоти ҷаҳон ба референдуми Тоҷикистон



Салими Аюбзод

"Алгимайне Цайтунг" тағйири Сарқонуни Тоҷикистонро тақлид ба Ислом Каримов, "Сентран" онро пирузии сулола ва НТВ.Ру рекорди болотар аз Ҳаррӣ Поттер номиданд.

Бо вуҷуди он ки тағйири Қонуни Асосии Тоҷикистон танҳо муҳлати президентиро дигар кард, рузномаҳои ғарбӣ ва Русия, хабаргузориҳои ҷаҳонӣ яксон мегуянд, дар Тоҷикистон роҳи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ба раёсати якумрӣ боз шуд.

"Франкфуртер Алгимайне Цайтунг" илова мекунад, ин роҳ нав нест, балки кайҳо аз тарафи дигар сарони Осиёи Марказӣ тай шудааст ва ба ақидаи ин нашрияи олмонӣ, Эмомалӣ Раҳмонов ба президенти Узбакистон Ислом Каримов тақлид мекунад.

Маҷаллаи электронии "Сентран" гуё дар идомаи ин фикр мегуяд, то ин замон ба назар мерасид, Тоҷикистон бо як роҳи хоси худ пеш меравад ва ягона кишвари минтақа аст, ки ба оппозитсюни исломӣ иҷозаи фаъолият додааст, аммо ҳоло, менависад "Сентран", маълум шуд, Тоҷикистон аз ҳамсояҳои худ фарқе надорад.

"Нойе Цюрихер Цайтунг" мегуяд, сарони Осиёи Марказӣ ҳар қадар бештар сарварӣ кунанд, ҳамин андоза мутмаъинтар мешаванд, ки ба ғайр аз онҳо касе дар кишварашон наметавонад, ин вазифаро иҷро кунад.

Рузнома мегуяд, рад кардан душвор аст, ки як бахши ҷомеаи Тоҷикистон аз Раҳмонов пуштибонӣ мекунад ва уро сабабгори сулҳу оромии кишвар меномад, аммо "Сентран" менависад, танҳо як қишри маҳдуди ҳамшаҳриён ва хешу наздиконе ки аз ҳокимияти Раҳмонов манфиат бардоштаанд, уро тарафдорӣ мекунанд, ва Рейтерс гӯё ба ҳамин нукта илова мекунад, ки таблиғоти расмӣ Раҳмоновро падари сулҳи Тоҷикистон ва наҷотдиҳандаи миллат вонамуд карданд, дар ҳоле ки омилҳои сулҳи Тоҷикистон якто нестанд.

Натиҷаҳои 96-дарсадаи референдумро як дипломати ғарбӣ дар Душанбе, дар гуфтугу бо "Франс Пресс" зери шубҳа гузошта, мегуяд, мардуми зиёде дар берун аз Тоҷикистонанд ва чунин адад имкони воқеъӣ надорад.

Сарвари Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар суҳбат бо "Ассосиейтед Пресс" гуфтааст, шод аст, ки маҳз чунин арқоме эълон шуд, ки дафъатан шубҳа бармеангезад ва мардум зуд мефаҳмад, ки он дуруғ аст. Аммо ба ғайр аз шӯхӣ Искандаров мегуяд, интизор дошт, ки ҳамагӣ 20 дарсади интихобкунандагон дар овоздиҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Хабаргузориҳо гуфтаҳои Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссия марказии интихоботиро нақл кардаанд, ки гуфтааст, дар ҷараёни овоздиҳӣ ягон ҳодисаи қонуншиканӣ ба амал наомадааст.

Аммо "Франс Пресс" аз номи нозирон аз Ҳизби Сотсиал-Демократ мегуяд, ҳодисаҳои ба ҷои чандин кас овоз додани як нафар ва гоҳо он ҳам каси ноболиғи ғайрисоҳиби ҳаққи овоздиҳӣ ба мушоҳида расидаанд. Ва "Мавҷи Олмон" мегуяд, комиссияҳои маҳаллии интихоботӣ ба хонаи одамон занг зада омадани онҳоро талаб мекарданд.

НТВ.Ру референдуми Тоҷикистонро аз чанд ҷиҳат рекордӣ номида, мегуяд, дар ягон овоздиҳӣ дар ҷаҳон чунин суръати баланди омадани одамон ва овоз додани онҳо қайд нашудааст. Ба ҳисоби ин манбаъ, дар як сония 200 нафар дар овоздиҳӣ ширкат кардааст, ки аз суръати фуруши китоби Ҳаррӣ Поттер дар сартосари дунё тезтар аст. Ва афзудааст, агар Раҳмонов боз 14 соли дигар дар курсии президентӣ нишастанӣ бошад, ҷамъан 28 сол мешавад, ки ин якуним баробар зиёдтар аз Брежнев ва се сол камтар аз Сталин хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG